Парвандаи ҷиноятии писари роҳбари КДАМ-и Қирғизистон Тошиев барои бознигарӣ фиристода шуд

© Sputnik Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Парванда алайҳи писари раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон соли 2013 барои дуздӣ боз шуда буд
ДУШАНБЕ, 5 апр - Sptnik. Додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи гузашта қарори марҳилаи аввалро нисбати Тамерлан Тошиев, писари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев бекор кард, менависад АКИpress бо истинод ба хадамоти матбуотии Суди шаҳри Бишкек.
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Ҳалокати марди 57-сола аз зарби бел дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: шарҳи ВКД
Баррасии дуюми шикояти кассатсионии адвокатҳо Ташиеви хурдиро қисман қонеъ кард ва аз додгоҳ талаб карда шуд, ки ӯ сафед карда шавад.
Дар натиҷа, парвандаи ҷиноятӣ барои баррасии дигарбора ба Суди ноҳияи Октябр фиристода шуд.
Гуфта мешавад, 1 декабри соли 2013, полис донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахтро боздошт кард, ки дар байни онҳо Тошиеви хурдӣ низ буд. Хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии Бишкек он замон гуфта буд, ки ҷавонон ба кӯшиши дуздии чархҳои мошини Honda Accord, ки дар микрорайони 5-ум истода буд, гумонбар мешаванд.
Ҳангоми боздошт гумонбарон дар автомашинаи Мерседес буданд, ки таҳти идораи Тошиеви хурдӣ буд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми азназаргузаронии мошин 8 дона хишт, 20 дона болтҳои нигоҳдорандаи чарх, 3 калиди чарх ва як домкрат ёфтанд.
Пас аз он полис тибқи моддаҳои 28-164 ("Кӯшиши дуздӣ") ва моддаи 156 ("Ҷалби ноболиғ ба содир кардани ҷиноят") -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон (бо нусхаи кӯҳна) парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Дар ҷараёни тафтиш Суди ноҳияи Октябр ҳамаи айбдоршавандагони парвандаро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард ва пас аз як сол полис маводи парвандаи ҷиноиро ба ҳамон суд супурд. Баъдан, ҷабрдидагон аз дастгирӣ кардани иттиҳомот саркашӣ карданд.
Дар робита ба ин, мурофиаи судӣ нисбати писари мансабдор қатъ карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала