СҶБ: беморони COVID метавонанд ҳайвонотро сироят кунанд

© Sputnik / Mikhail Voskresenskiy / Гузаштан ба хазинаи аксДевушка с собачкой голосует по вопросу одобрения изменений в Конституцию России на избирательном участке в Москве
Девушка с собачкой голосует по вопросу одобрения изменений в Конституцию России на избирательном участке в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Коршиносони созмони байналмилалӣ муътақиданд, ки дар сурати интиқоли вирус аз инсон ба ҳайвонот мутатсияи генетикӣ имконпазир аст
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ имкони интиқоли коронавирус аз одам ба ҳайвон ва тағироти минбаъдаи генетикии онро эълом кардааст. Дар ин бора ба РИА Новости намояндаи СҶБ дар Русия Мелита Вуйнович хабар додааст.
Эмблема Всемирной организации здравоохранения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Кай ҳамагирии коронавирус анҷом меёбад: пешгӯии навбатии СҶБ
Аз ин сабаб, СҶБ ба шахсони сироятёфта тавсия медиҳад, ки робитаро бо ҳайвоноти хонагӣ ва дигар ҳайвонот маҳдуд кунанд.
"COVID-19 асосан тавассути гузариш аз одам ба одам паҳн мешавад, аммо далелҳои сироятёбии одам ба ҳайвонот мавҷуданд, зеро он вируси зоонотикӣ аст. Мизони мутатсия ҳанӯз муайян карда нашудааст", - гуфт Вуйнович.
Ба гуфтаи вай, агар вирус аз одам ба ҳайвон гузарад, мутатсияи генетикӣ имконпазир аст.
"Вақте ки вирусҳо дар байни ҷамъияти одамон ва ҳайвонҳо ҳаракат мекунанд, метавонанд тағирёбии генетикӣ ба амал оянд ва ин тағиротҳо метавонанд ба бемориҳои инсон асар дошта бошанд", - гуфт сухангӯи СҶБ.
Вуйнович ҳушдор дод, ки одамон метавонанд сагҳо, гурбаҳо, минкҳо, палангҳо, шерҳо ва сагҳои енотро сироят кунанд. Мутахассисон таъсири вирусро ба ҳайвонҳои дигар то ҳол меомӯзанд, то фаҳманд, ки кадом организмҳои зинда ба он бештар осебпазиранд ва метавонанд ба "хазинаи ҳайвонот" табдил ёбанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала