Сӯхтори шадиде дар бинои истиқоматӣ дар Душанбе - навори шоҳидон

© Sputnik / Амир ИсаевПожарная машина в Душанбе
Пожарная машина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Дар як бинои чорошёнаи наздикии бозори Саховат, маҳаллаи 65 як манзил оташ гирифта, он зуд ба қабатҳои дигар паҳн шуд
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Дар Душанбе, дар бинои истиқоматии назди бозори Саховат сӯхтори азим рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои ВКД, сӯхтор дар бинои чорошёна тахминан соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ сар зада, аланга зуд ба тамоми манзил паҳн шудааст.
Хона дар кӯчаи Фирдавсӣ 5/4, дуртар аз бозори маҳаллӣ ҷойгир аст.
Оташ якбора ду хона - 58 ва 60-ро, ки дар қабатҳои якум ва дуюми бинои истиқоматӣ ҷойгиранд, фаро гирифт.
Дар наворҳое, ки дар Интернет пайдо шуданд, доду фарёди одамонро, ки худ ва моликияти худро наҷот додан мехоҳанд, дидан ва шунидан мумкин аст.
Пожар в городе Хорог - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Сӯхтор дар Хоруғ манзилҳои истиқоматиро хароб кард
Раёсат қайд мекунад, ки пас аз даҳ дақиқа чаҳор ҳайати мошинҳои зидди сӯхторхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои хомӯш кардани оташ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси фаврии оташнишонӣ аз дохили ҳуҷраи оташгирифта, соҳибхона бо фарзандонаш ба ҷойи бехавф бароварда шуда, сӯхтори ба амал омода бошад, дар масоҳати 35 метри мураббаъ, бе паҳншавӣ ба дигар ҳуҷраҳои зисти шаҳрвандон, дар соати 21:29-дақиқа, ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Ҳамзамон 10 нафар шаҳрвандон аз коми оташ ба ҷойҳои бехавф бароварда шуанд.
Бино ба фарзияи пешакӣ, сабаби сӯхтор беназорат гузоштани асбоби барқии телевизиор дар дохили ҳуҷраи зист буда, зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад.
Гуфта мешавад, аз сӯхтор сокинони бино ва фарзандони соҳибхона ягон осеб надидаанд ва вазъи саломатиашон хуб мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала