Зодрӯзи Мамлакат Наҳангова: имрӯзи таърих

День 6 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Рӯзи шашуми апрел Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот, Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ ва Рӯзи геологҳо мебошад

Рӯзи 6 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1965 дар ИМА аввалин моҳвораи тиҷоратӣ дар самти алоқа сар дода шуд.
День 5 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Боздиди котиби генералии СММ Пан Ги Мун аз Тоҷикистон: имрӯзи таърих
Соли 1896 дар Афина нахустин бозиҳои олимпии муосир ифтитоҳ ёфтанд.
Соли 2009 дар километри 95-уми шимолу шарқи Рим заминларза бо қувваи 6,3 балл ба амал омад, ки дар натиҷа 293 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Соли 2016 дар шаҳри Искандарияи Миср 2-юмин конфронс дар мавзӯи «Нақши Мовароуннаҳр дар ғанигардонии тамаддуни исломӣ» баргузор гардид.

Рӯзи 6 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеширо ба ҳузур пазируфт.
Соли 2012 Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ҶСК «НБО Сангтӯда-1» оид ба рӯёнидани қарзҳо аз ширкати «Барқи тоҷик» барои барқи дастрасшударо пурра қонеъ кард.
День 4 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Зодрӯзи Сулаймон Юдаков, Қодир Қосим ва Хайрандеш: имрӯзи таърих
Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон роҳбари раёсати Агентии энергетикии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.
Соли 2016 расонаҳо хабар доданд, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ ба ёдбуди Арбоби давлатии Қазоқистон Нурлан Каппаров бо иштироки дастаҳои наврасони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши Тоҷикистон доир гардид.
Дар он даста таҳти роҳбарии мураббӣ Сафаралӣ Раҳмонов сазовори ҷойи дуюм гардид.
Соли 2016 - 47 нафар аз Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) дар озмуни шеърхонон, ки бо ташаббуси ҷамъияти Пушкин бахшида ба Рӯзи байналмилалии шеър доир шуда буд, иштирок намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 апрел

  • Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот.
  • Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ.
  • Рӯзи геологҳо.

Рӯзи 6 апрел дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шудааст

Соли 1914 – шоир Болтақул Диёрӣ.
Соли 1924 – якумин пионердухтар, дорандаи ордени Ленин, олими забоншинос Мамлакат Наҳангова.
Соли 1932 – олим Анвар Садриддинов.
Соли 1947 – адабиётшинос, арбоби давлатӣ Абдураҳмон Абдуманнонов.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала