Чӣ гуна мешавад аз хоб сер шуд : ду маслиҳати асабшинос барои хоби роҳат

© PixabayСонная девушка, архивное фото
Сонная девушка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Агар шумо мушкилот бехобиро сари вақт ҳал накунед, пас он бо мурури замон ба бемории музмин мубаддал мешавад. Дар натиҷа, ин ногузир ба саломатиатон таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Асабшиноси амрикоӣ Крис Винтер барои ҳалли бехобӣ чанд роҳи ҳал пешниҳод кардааст.
Ба ақидаи ӯ, танҳо бо ду дараҷа паст кардани ҳарорати хонаи хоб инсон метавонад аз аксар мушкилот халос шавад.
Духтар дар хоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2020
Безурётӣ: пизишк хатари хоб бо смартфонро гуфт
Ин хунукӣ ба шумо имкон медиҳад, ки беҳтар хоб равед ва истироҳати худро дароз кунед.
Мешавад курпа ё болиштро иваз карду барои хоб либоси мувофиқтар пӯшид. Не, қайд кард асабшинос, ҳамаи ин наметавонад барои халос шудан аз бехобӣ кумак кунад.
Аммо он чизе, ки кумак мекунад, реҷаи ҳаррӯза аст. Агар шумо бо ҳамон як реҷа хоб раведу бархезед, мушкилатон ҳал хоҳад шуд.

"Мавҷудияти ҷадвали доимӣ ба мағзи сар кумак мекунад, ки вақти хобравиро дарк кунад", - гуфт коршинос.

Крис Винтер
Асабшинос
Боз чӣ гуна мешавад сифати хобравиро беҳтар кард: албатта бо нанӯшидани машруботи спиртӣ, медитатсия ва машқи ҷисмонӣ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала