Директори Бонки рушди АвруОсиё дар Тоҷикистон иваз шуд

© Foto Евразийский банк развитияГоловной офис ЕАБР в Алматы
Головной офис ЕАБР в Алматы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Николай Никулин директори намояндагии Бонки рушди АвруОсиё дар Душанбе таъйин карда шуд.
Дар ин бора сомонаи расмии бонк иттилоъ дода гуфтааст, Николай Никулин дар ин вазифа ба ташкили маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории бонк дар Тоҷикистон иштирок хоҳад кард.
Ӯ дар ин мақом Рашид Қодировро иваз кард, ки наздики ҳашт сол дар ин вазифа кор кард.
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
БОР ба Тоҷикистон 105 миллион доллар медиҳад: вазир гуфт ба куҷо сарф мекунанд
Николай Никулин пеш аз пайвастан ба ин бонк, ба ҳайси намояндаи Хадамоти гумруки Федератсияи Русия дар Беларус ва сипас дар Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи марти соли 2021, ӯ директори Бонки рушди АвруОсиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Номбурда соли 1964 таваллуд шуда, хатмкардаи Мактаби ҳарбии ҳавонавардӣ, Институти муҳандисони ирригатсионии Тошканд, Институти сарҳадии Калининград ва Академияи Шимолу Ғарбии Идоракунии давлатӣ мебошад. Аз соли 2001, пас аз адои хидмати ҳарбӣ, ӯ дар системаи Хадамоти федералии гумруки Русия корро оғоз кардааст.
Бонки рушди АвруОсиё созмони байналмилалии молиявист, ки ба ҳамгироӣ ва рушди кишварҳои иштирокчӣ - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Бонки рушди АвруОсиё: ММД-и Тоҷикистон баъд аз пандемия дар соли 2022 барқарор мешавад
Сармояи оинномавии Бонки рушди АвруОсиё 7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бонк моҳи январи соли 2006 таъсис ёфта, марказаш дар Алмаато аст. Ҳиссаи асосиро дар портфели бонк лоиҳаҳои дорои таъсири интегратсионӣ дар соҳаҳои инфрасохтори нақлиёт, рақамисозӣ, энергетикаи сабз, кишоварзӣ, саноат ва мошинсозӣ ишғол мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала