Нахустин гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик вориди Русия мешаванд

© SputnikТаджикские студенты устроили флешмоб на ВФМС
Таджикские студенты устроили флешмоб на ВФМС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Обуна шудан
Нахустин гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик иборат аз 14 нафар ба наздикӣ вориди Русия мешаванд
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Нахустин гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик ба Русия сафар мекунанд, хабар дод, роҳбари маркази профориентатсияи Донишгоҳи федералии Сибир дар Тоҷикистон Акмал Ҷумъаев.
Гурӯҳ иборат аз 14 нафар мебошад, ки ҳама ба Красноярск парвоз хоҳанд кард.
Парвоз тариқи хатсайри чартерии ширкати "Уралские авиалинии" рӯзи 15 апрел сурат мегирад.
Ба гуфтаи Ҷумъаев, ба вуруди донишҷӯён ба Русия мушкиле пеш нахоҳад омад, зеро расман кишвар дар бораи иҷозаи вуруди онҳо хабар додааст.

Мо нахустин шуда аз Душанбе ба Красноярск сафар мекунем. Донишҷӯён билети парвозро аллакай харидорӣ кардаанд

Акмал Ҷумъаев
масъули Донишгоҳи федералии Сибир
Ҳамаи донишҷӯён дар курси авал таҳсил мекунанд.
Чиптаҳоро онҳо то 5,5 ҳазор сомонӣ харидорӣ кардаанд. Аммо ба гуфтаи Ҷумъаев, қисме аз ин маблағро донишгоҳ ҷуброн мекунад.
Ёдрас мекунем, сар аз моҳи марти соли 2020 донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд, бино бар далели пандемия ва баста мондани марзҳо наметавонистанд, ба Русия ворид шаванд ва ба таҳсили худ идома диҳанд.
Участниками интеллектуально-развлекательного мероприятия «Город моей мечты» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Қарори Ҳукумати Русия барои бозгашти донишҷӯёни тоҷик: Мишустин имзо кард
Пештар мақомоти кишвар хабар доданд, ки нахуствазири Русия Михаил Мишустин қарореро имзо кард, ки мувофиқи он ба донишҷӯёни шаш кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иҷозаи вуруд ба Русия дода шуд.
Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия тавзеҳ додааст, ки бо қарори Ҳукумат аз 31 марти соли 2021 таҳти рақами 814 донишҷӯён, аспирантҳо,ординаторҳо ва шунавандагони факултаҳои омодагӣ аз Тоҷикистон, Венесуэла, Олмон, Сурия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка метавонанд ба Русия барои идомаи таҳсилашон баргарданд.
Вазорати илму таҳсилот тавзеҳ додааст, ки иҷозат бо назардошти арзёбиҳои "Роспотребнадзор" дар мавриди вазъи эпидемиологии кишварҳо дода мешаванд.
Вазорат таъкид намудааст, ки донишҷӯён бояд бархе муқаррароти беҳдоштиро риоя намоянд.
Аз Тоҷикистон гарон, аз Русия арзонтар: арзиши билети парвозҳои муқаррарӣ маълум шуд
Аз ҷумла бар асоси тартиби мақараршуда, донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на камтар аз 10 рӯз пеш аз санаи вуруд ба Русия огоҳ кунанд. Пас аз фиристодани мактуб, онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0