Кумитаи тафтишотии Русия ба санҷиши суруди Манижа барои Евровидение - 2021 шурӯъ кард

© Eurovision Song ContestПевица Manizha
Певица Manizha  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Кумитаи тафтишотии Русия дар Маскав ба тафтиши суруди Russian Woman шурӯъ кард, ки Манижа, зодаи Тоҷикистон, бо он ба Eurovision 2021 меравад. Тафтиши матни таронаи Russian Woman пас аз муроҷиати дахлдори ташкилоти ғайритиҷоратии "Ветеранские Вести" оғоз ёфт.
"Раёсати тафтишотии Останкино барои тафтиши мавҷудияти нишонаҳои барангехтани кинаву адоват дар суруди Russian Woman-и овозхон Манижа муроҷиат ба қайд гирифтааст, - гуфтаанд дар ин ниҳод
Владимир Жириновский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Жириновский норозигияшро аз суруди Манижа шарҳ дод: сухан дар бораи миллат намеравад
Қаблан "Ветеранские Вести" ба раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин муроҷиат карда, дархост карда буд, ки алайҳи Манижа тибқи моддаҳои ифротгароӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз кунад, инчунин паҳн кардани видеои баромади ӯро қатъ кунад.
Ба гуфтаи онҳое, ки муроҷиат кардаанд, иҷрои саҳна ва видеои Манижа барои Евровидение - 2021 ба "таҳқири дағалона ва паст задани шаъну шарафи инсонии занони рус дар асоси муносибатҳои миллӣ равона шудааст".

Манижа дар Евровидение - 2021

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия, аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии шунавандагон дар доираи интихоби миллӣ ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 интихоб шуд.
Ин озмуни бонуфуз имсол дар Роттердам аз 18 то 22 май баргузор мешавад.
Бархе аз шаҳрвандони Русия дар портали Change.org петитсия нашр кардаанд ва талаб доранд, ки Манижа аз иштирок дар Eurovision маҳрум карда шавад.
Певица Manizha (Манижа) выступает на концерте в Crocus City Hall в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Рекорди нави суруди Манижа дар Евровидение - 2021
Баъдтар, ба Кумитаи тафтишот бо дархости санҷиши матн дар асоси экстремизм ариза ворид шуд.
Букмекерҳои байналмилалӣ барои Манижа бо суруди Russian Woman танҳо ҷои 14 пешгӯӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала