Илон Маск дар як рӯз 6 миллиард доллар бойтар шуд: сабаб

© REUTERS \ Aaron P. BernsteinИлон Маск, архивное фото
Илон Маск, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Обуна шудан
Ҳоло дороии Маск тақрибан ба 169,8 миллиард доллар баробар шуд. Дар рейтинги ҷаҳонии сарватмандтаринҳо, ӯ дар ҷои дуввум мебошад
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Соҳибкори амрикоӣ, асосгузори Tesla ва SpaceX, Илон Маск дар давоми як рӯзи охир 6 миллиард доллар бой шуд.
Дар ин бора маълумоти рейтинги Forbes Real-Time шаҳодат медиҳад.
Дороии ӯро афзоиши арзиши саҳмияҳои як ширкати мошинҳои барқӣ афзоиш дод.
Мушаки Илон Маск боз таркид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Сафар ба Миррих лағв мешавад? ин навбат ҳам мушаки Илон Маск таркид - навор
Ҳоло дороии Маск тақрибан ба 169,8 миллиард доллар баробар шуд. Ӯ пас аз асосгузори Амазонка Ҷефф Безос, ки дороиаш 188,6 миллиард доллар аст, дар рейтинги Forbes дуввум шуд.

Қисми зиёди сарвати Маск аз ҳисоби саҳмияҳои Tesla ба даст меояд - вай 21 дарсади саҳмияҳоро дар ихтиёр дорад.

Рӯзи душанбе саҳмияҳои ширкат 4,4 фоиз афзуда, ба 691,05 доллар расид, дар ҳоле ки дар савдои пешакӣ афзоиш ба 8 фоиз расид.
Tesla рӯзи ҷумъа гузориш дод, ки истеҳсол ва интиқоли он дар семоҳаи аввал тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст (дар як сол).
Лентаи хабарҳо
0