Шералӣ Мирзо: иродаи Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва дифоӣ бо Эрон ҷиддист

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр обороны РТ Шерали Мирзо, архивное фото
Министр обороны РТ Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Обуна шудан
Вазири дифои Эрон дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати густариши ҳамкории ду кишвар гуфт, бо поён ёфтани таҳримҳои золимонаи таслеҳотӣ алайҳи Эрон, Теҳрон ҳеч маҳдудияте дар содироти анвои силоҳ надорад
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Вазири дифои Эрон зимни дидор бо вазири дифои Тоҷикистон таъкид доштааст, ки умедвор аст дар равобит ва ҳамкорӣ саҳифаи наве боз кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории садо ва симои Эрон.
Бино бар иттилои манбаъ, Амири Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳро ба Эрон дар фасли зебои баҳор ва айёми ҷашни бостонии Наврӯз муборак гуфт: “Умедворем, ки ҳамчун шурӯи фасли зебои баҳор, шоҳиди шурӯи фасли наве дар равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба бо дӯстону бародарони тоҷик бошем”.
Зимни мулоқот вазири дифои Эрон бо баёни ин ки дар солҳои ахир Эрон бо вуҷуди таҳримҳои золимона ва фишорҳои сангин дар ҳавзаҳои мухталиф пешрафтҳои чашмгир ва фаровон доштааст.
“Хушбахтона дар октябри 2020 таҳримҳои таслеҳотии Эрон ба муҷиби қатъномаи Шӯрои амният ба поён расид ва мо дар амри содироти таҷҳизоти дифоӣ ҳеч мушкиле надорем”, - афзуд ӯ.
Вазири дифои Эрон ҳамчунин густариши ҳузури созмони террористии ДИИШ* ва гурӯҳҳои ифротгаро дар бархе кишварҳои минтақаро мавзӯи муҳим ва ҳассосе донист ва таъкид кард, ки Эрон ҳамвора мухолифати худро бо ҳузури нерӯҳои фароминтақаӣ дар ҷангҳову даргириҳои мухталиф, чӣ дар Сурияву Ироқ ва чӣ дар Афғонистон ва ё ҳар ҷойи дигар эълом кардааст.
Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Эрон сафар кард
Вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар Эрон, иродаи кишвари Тоҷикистонро ба тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, низомӣ ва дифоӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Эрони исломӣ ҷиддӣ хонд.
Генерал Шералӣ Мирзо ҳамкориҳои ду кишварро дар барқарории сулҳу субот ва амнияти минтақа бисёр боаҳамият донист.
“Муноқишаҳову ноамниҳои мавҷуд дар минтақа зарурати ҳамкориҳои ду кишварро дар муқобила бо терроризм, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин тавсеаву таҳкими амнияти минтақаӣ дучандон мекунад”, - гуфт генерал Шерали Мирзо.
Ёдрас мешавем, ки ахиран вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник, Шералӣ Мирзо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард. Қарор аст, вазир зимни сафари худ бо роҳбарони воломақоми сиёсиву низомии ин кишвар мулоқот хоҳад кард.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0