Украина нахустин бор дар Тоҷикистон намоишгоҳи таҳсилотӣ баргузор кард

© Sputnik / Амир ИсаевОбразовательная выставка университетов Казахстана в Душанбе
Образовательная выставка университетов Казахстана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Украина якчанд созишномаҳои ҳамкории байнидонишгоҳӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон бори нахуст намоишгоҳи таҳсилотии Украина "Study in Ukraine" баргузор гардид.
Намоишгоҳ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бо иштироки 90 нафар намояндаи Вазорати маориф ва илми Украина ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии он бо роҳбарии Вазири маориф ва илми ин кишвар Сергей Шкарлет доир шуд..
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири украинӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар бахши маориф
"Намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Украина аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, дар самти ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва вусъат бахшидани муносиботи минбаъда табодули назар намуданд", - менависад вебгоҳи Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Ҳамчунин байни муассисаҳои олии Украина ва Тоҷикистон якчанд созишномаҳои ҳамкории байнидонишгоҳӣ ба имзо расониданд.
Аз ҷумла, бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 11 созишномаи ҳамкорӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ 13 созишнома, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 2 созишнома, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 5 созишнома имзо шуд.
Ҳамчунин, минбаъд Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо мактабҳои олии Украина ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала