Даъвати ҷавонон ба артиш барои солҳои 2021-2022
Охирин хабару гузоришҳо дар бораи даъвати наваскарон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ин ҷо пайдо кунед

Беш аз нисф дар як ҳафта: вазорат гуфт, чанд фоизи нақшаи даъвати наваскарон иҷро шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВоенный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, тайи як ҳафтаи аввали даъвати наваскарон беш аз 56 дарсади нақша иҷро шудааст
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, эълон кард, ки давоми 7 рӯзи маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ чанд дарсади нақшаро иҷро карданд.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ВМКБ сад дарсади нақшаро иҷро карда, навоҳии тобеи марказ аз уҳдаи иҷрои 77 дарсади нақша баромадаанд.
Аз рӯзи оғози маъракаи даъватӣ то ин дам иҷрои маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд 43 фоиз иҷро шуд, изҳор доштааст Маҳмадализода дар суҳбат бо “Ховар”.
Солдаты маршируют, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Оё гирифторони коронавирус аз артиш озод мешавад? посухи Вазорати дифоъ
Манбаъ афзуд, вилояти Хатлон 45,1 дарсад, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 77 фоиз ва шаҳри Душанбе 74,3 фоизи нақшаро иҷро намудааст.
Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки дар маҷмуъ то ҳол 16 шаҳру ноҳия маъракаи даъватро ба анҷом расонидаанд.
Феълан дар Тоҷикистон даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона оғоз ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала