Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дар Душанбе Форуми аграрии “ТоҷБелАгро” баргузор шуд

© министерство сельского хозяйства РТФорум аграриев "ТоҷБелАгро"
Форум аграриев ТоҷБелАгро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Ахиран дар дар пойтахти Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ Форуми аграрии “ТоҷБелАгро” баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи форуми мазкур вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, доир ба иқтидори соҳаи кишоварзӣ ва самтҳои афзалиятноки он суханронӣ кард.
Гуфта шудааст, ки вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус Иван Крупко доир ба ҳамкорӣ, дурнамои ҳавасмандии ҷонибҳо дар соҳаи аграрӣ ва иқтидори соҳаи кишоварзӣ ва озуқавории Беларус изҳори назар кард.
Открытие Форума деловых кругов Таджикистана, Белоруссии и Афганистана: Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни тоҷирони Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон дар Душанбе
Манбаъ зикр намудааст, ки дар идомаи кори Форум ба ҳозирин намоиши видеоии кутоҳ оид ба иқтидори сохаи кишоварзии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки он намоиш дода шуд.
Ҳамчунин дар Форуми аграрии “ТоҷБелАгро”, ки дар доираи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид, меҳмонон- ҳайати комиссияи Беларус, соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус, ки дар самти кишоварзӣ фаъолият мебаранд, иштирок намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала