Духтардуздии пурмоҷаро дар маркази шаҳр: ҷабрдидаро мурда ёфтанд – видео

© PixabayДевушка в юбке, архивное фото
Девушка в юбке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Ҷасади Ойзода Қанотбекова, духтари 27-солае, ки субҳи 5 апрел дар маркази шаҳри Бишкек дуздида шуд, дар як мошин ҳамроҳ бо ҷасади эҳтимолан собиқ дӯстдоштааш пайдо кардаанд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҷасадҳои духтари рабудашуда ва марде, ки бо гумони одамрабоӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар дохили мошин дар наздикии Бишкек пайдо карда шуданд, хабар дод хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии шаҳр.
Духтардуздӣ дар шаҳри Бишкек, ки ба навори дурбинҳои назоратӣ афтод, дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои шадид барангехт. Ба гуфтаи наздикон, духтарро дӯстдоштаи собиқаш рабудааст. Ҳодиса тақрибан соати 7-и субҳ рух додааст.
Аммо зуҳри 7 апрел чӯпоне ба милиса аз пайдо кардани мошин дар канори шаҳри Бишкек хабар дод, ки дар дохилаш ҷасади духтари рабудашуда ва марди муттаҳам дар одамрабоӣ будаанд.

Дар дохили мошин ҷасади шаҳрванд К.А. соли таваллудаш 1994 бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ва шаҳрванд Т.З. соли таваллудаш 1985 бо захмҳои гуногуни корд буданд, - омадааст дар хабари мақомоти милиса.

Тибқи фарзияи пешакӣ, шаҳрванд Т.З., ҳангоми муноқишаи лафзӣ, духтарро буғӣ карда, сипас худкушӣ кардааст.
Мақомот мегӯянд, ин қазия ҳаматарафа таҳқиқ хоҳад шуд ва аллакай ташхиси додгоҳии ҷасадҳо таъйин шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала