Гусели 1000 наваскар: тавсифи раиси Суғд аз ихтиёриён

© Sputnik / Сергей ПивоваровСлужба в армии
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Обуна шудан
Cафарбарсозии наваскарон дар вилояти Суғд идома дошта, ахиран бо ҳузури Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят ҳудуди як ҳазор нафар ба аскарӣ равон шуданд
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Маъракаи гусели як ҳазор наваскар дар амфитеатри Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифта, дар он ҳунармандон ва мақомдорон иштирок намудаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз иқдоми наваскарон, ки ихтиёран азми хизмати Ватан кардаанд, ситоиш намудааст.
“Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд”, - гуфтааст Аҳмадзода.
Дар ҳоле, ки солҳои қаблӣ аз сафарбарсозии фарзандони мансабдорон дар Суғд хабар дода мешуд, имсол ҳеч иттилое дар ин бора ироа нагардид.
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Эълони ҳукми Аҳтамов, ки аз хизмат саркашӣ кард: эҳтимоли ду соли зиндон
Танҳо вакили ноҳиявӣ Ихтиёр Раҷабов, ки барои гусели бародарзодааш Диловар Раҷабов омада буд, ба минбар баромада, хизмати ҳарбиро қарзи ҷавонмардӣ хонда, ба наваскарон барору комёбиҳо таманно намудааст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар хусуси сафарбарсозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суҳбат карда, таъкид намуда буд, ки дар ин масъала пеш аз ҳама афроди мансабдор бояд худ ташаббус нишон диҳанд.
Тағйирот ба қонуни ҳарбӣ: ба ҷавонони хизматкарда имтиёзи нав медиҳанд
Дар маъракаи даъвати тирамоҳии соли гузашта, генерал-майор Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, писар, бародарзода ва хоҳарзодаашро ба хизмат дар сафи артиш фиристода буд.
Дар маъракаи даъвати баҳории имсол ҷавонони сину солашон 1994-2003, ки ҳуқуқи ба таъхир ва ё озодшавӣ аз хидмати сарбозиро надоранд, ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0