Иқдоми шаҳрдорӣ барои таъмини фаровонию арзонии гӯшт дар арафаи Рамазон

© Исполнительный орган города ДушанбеОткрытие мясного магазина в Душанбе
Открытие мясного магазина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Обуна шудан
Ҳукумати Душанбе мегӯяд, дар ҳудуди ноҳияи Сино дӯкони гӯшт ба истифода дода шуд, ки барои таъмини фаровонӣ ва танзими нархи маҳсулоти гӯштӣ мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдолрӣ, дар ҳудуди маҳаллаи 91-уми пойтахт, Мағозаи фурӯши гӯшт ба истифода дода шуд.
“Дукони гӯшт дар маҳаллаи 91-уми пойтахт, аз ҷумлаи иншооти бунёдшаванда дар ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад, ки бо мақсади таъмини фаровонии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар пойтахт ба нақша гирифта шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки иншоот аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хусрав Алиматов бунёд гардида, дар он 13 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Горное пастбище в Рогунском районе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2019
Афзоиши хабарҳои говдуздӣ дар пасманзари болоравии нархи гӯшт
Мақомдорони Душанбе дар сӯҳбат бо соҳибкорон онҳоро ба риояи қоидаҳои санитарӣ дар фаъолияти кориашон даъват карданд, то инки маҳсулоти аз ҷиҳати санитарӣ тоза дастраси сокинону меҳмонони пойтахт гардад.
Муоширати хуб бо муштариён, риояи маърифати баланди шаҳрнишинӣ ва тадбирҳои санитарию беҳдоштӣ аснои фаъолияти корӣ аз мавзӯъҳои дигари мавриди баррасии намояндагони шаҳрдорӣ бо соҳибкорони ин маркази савдо буд.
Ифтитоҳи маркази гӯштфурӯшӣ дар ҳолест, ки ба ба наздикӣ моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад ва одатан дар ин моҳ нархи молу маҳсулоти ниёзи аввал аз ҷумла гӯшт боло меравад.
Лентаи хабарҳо
0