Таъсиси ҷоиза ба номи Иқбол Тешаев дар Тоҷикистон

© акс аз сафҳаи Фейсбукии Иқбол ТешаевИқбол Тешаев, сухангӯи расмии раиси шаҳри Исфара
Иқбол Тешаев, сухангӯи расмии раиси шаҳри Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҷоизаи “Беҳтарин сухангӯ” ба номи Иқбол Тешаев, рӯзноманигори марҳуми тоҷик таъсис додааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, мегӯяд, ҷоизаи мазкур бо ҳадафи ёдбуди журналисти ватанпарвар, сухангӯи шаҳрдории Исфара Иқбол Тешаев таъсис ёфта, он ба котибони матбуотии вазорату кумита, раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, ҳамчунин ширкату корхонаҳо, новобаста ба шакли моликияташон дода мешавад.
Ба гуфтаи Атовулло, беҳтарин сухангӯ бо баҳогузории коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тақдим мегардад.
Ҷоиза соле як маротиба ҳангоми таҷлили маъракаи вобаста ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан - 3 май ба як нафар супурда мешавад. Ҷоиза ба котибони матбуотие дода мешавад, ки дар давоми як соли охир аз сатҳи ҳамкориаш бо кормандони Воситаҳои ахбори омма қаноатманӣ ҳосил мешавад.
Хуршеди Атовулло
раиси МТЖ Тоҷикистон
Меъёри дигар дар он мебошад, ки сухангӯй дар мавзӯъҳои муҳимтарини ба миёномада, хоса вақте манфиатҳои миллӣ дар миёнанд, мавқеи расмии идораи худро баён мекунад.
Таъкид шудааст, ки баҳогузорӣ ба фаъолияти котибони матбуотӣ дар натиҷаи назарсанҷиҳои сотсиологӣ – аз тариқи анкета бо роҳбарони Воситаҳои ахбори омма, пурсишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дода хоҳад шуд.
Запись на листе бумаге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2018
Ба беҳтарин бонуи журналист ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиеваро месупоранд
Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, пешбарии номзадҳо барои дарёфти Ҷоиза як моҳ пеш аз чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан оғоз гардида, дар ин бора МТЖТ тавассути ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ эълон пахш мекунад.
Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара буд, 5 апрел дар синни 51 даргузашт.
Иқбол Тешаев, аз сухангӯйҳои фаъолтарини мақомотҳои маҳаллӣ буд, ки номаш дар матбуоти даврӣ ҳамарӯза дар робита ба шарҳи ин ё он қазия, махсусан дар масоили марзӣ зикр мешуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала