Кумаки 10-миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ барои барқрасонӣ ба деҳоти Тоҷикистон

© Sputnik / СтрингерЗдание Всемирного банка
Здание Всемирного банка  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, барои марҳалаи дувуми тарҳи барқрасонӣ ба деҳоти дурдасти Тоҷикистон 10 миллион доллар кумаки бебозгашт ихтисос хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Бо иҷрои ин тарҳ беш аз 4 ҳазор нафар аз сокинони деҳоти дурдасти вилоятҳои Хатлон ва кӯҳистони Бадахшон аз неъмати барқ баҳраманд хоҳанд шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Авесто”.
Ян Петер Олтерс, намояндаи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки аксари ин рустоҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон воқеъ шудаанд ва барқрасонӣ ба онҳо боиси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сохти марокизи дармонӣ ва омӯзишӣ, равнақи фаъолияти бозорчаҳои марзӣ ва иштиғолзоӣ хоҳад шуд.
Гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ аз вазъияти фақр дар Тоҷикистон
Вай таъкид кардааст, ки бо ин иқдом заминаи интиқоли барқ ба теъдоде аз рустоҳои Афғонистон низ фароҳам мешавад.
Вазири рушди иқтисод ва савдо: сатҳи камбағалӣ дар Тоҷикистон пойин омад
Бонки Ҷаҳонӣ барои марҳалаи нахусти рушди манотиқи марзии Тоҷикистон маблағи 31 миллиону 700 ҳазор доллар ихтисос дода буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала