Се мақоми нави асосӣ барои муҳоҷиру фарзандаш дар Русия: шарҳи ВКД

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузаштан ба хазинаи аксВыдача первых патентов в Едином миграционном центре
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Фарзандони муҳоҷирон метавонанд, иҷозати ҳузури дарозмуддатро пайдо кунанд, агар волидонашон дар қаламрави Русия фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik, Мария Науменко. Се мақоми асосии ҳузури муҳоҷирон дар Русия пайдо хоҳанд шуд. Ин тағйирот дар лоиҳаи қонуни нав дар бораи шарти вуруду будубоши шаҳрвандони хориҷию ашхоси бешаҳрвандӣ пешбинӣ гардидаанд.
"Се мақоми асосии ҳузури муҳоҷирон ҷорӣ мегардад: ҳузури кӯтоҳмуддат (то 90 рӯз), будубоши дарозмуддат ва иқомати доимӣ, ки дар доираи онҳо шаҳрвандон метавонанд, қонунӣ дар қаламрави Русия бошанд", - хабар доданд ба Sputnik аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия.
ВУД тавзеҳ дод, ки ҳузури кӯтоҳмуддат на бештар аз 90 рӯзро дар як сол ( ҳозир 90 рӯз дар 180 рӯз) дар бар мегирад. Низоми ҳузури дарозмуддат беш аз 90 рӯзи ҳузури қонуниро фаро мегирад.
Муҳлати ҳузури қонунии шаҳрванди хориҷӣ метавонад, тамдид ё ихтисор карда шавад, агар вазъу ҳолате, ки бо назардошти он барои шаҳрванд иҷозати ҳузур дода шуд, тағйир ёбад, илова намуданд дар Вазорати умури дохилӣ.
Таъкид шуд, ки фарзандони муҳоҷирон низ метавонанд, иҷозати ҳузури дарозмуддатро гиранд, агар волидонашон дар қаламрави Русия фаъолият доранд.
Посольство России в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Сафорат тартиби роҳёбии тоҷикистониҳо ба парвозҳои самти Русияро гуфт
Дар баробари ин барои шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия доштани иҷозатномаи иқомат ё худ “ВНЖ” зарур аст, ки ин ҳуҷҷат дар сурати доштани иҷозати ҳузури муваққатӣ - “РВП” дода мешавад. Бо мавриди амал қарор гирифтани қонуни ҷадид, мақоми иқомати доимӣ асоси гирифтани шаҳрвандии Русия хоҳад шуд.
Ба иттилои ВУД, тайи моҳҳои январ ва феврали соли 2021 ҳудуди 1 миллиону 84 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба қайди муҳоҷират гирифта шудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар кам мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала