Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

“Муфаттишон суруди Манижаро гӯш мекарданд”: шӯхиҳои Ургант дар бораи санҷиши суруд - видео

© Eurovision Song ContestКадр видео Manizha - Russian Woman
Кадр видео Manizha - Russian Woman - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Обуна шудан
Иван Ургант, ровии маъруфи шабакаи аввали телевизиони Русия, гуфт, аз назди бинои Кумитаи тафтишотӣ мегузашт, ки муфаттишон суруди Манижаро гӯш мекарданд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ровии машҳур барномаи “Шоми Ургант”- ро бо он оғоз намуд, ки Кумитаи тафтишотӣ суруди “Russian Woman”-и Манижаро, ки ба “Eurovision – 2021” пешниҳод шудааст, месанҷад.
Ургант бо шухӣ афзуд, ки оғоз бо хабарҳо дар бораи Кумитаи тафтишотӣ ҳамеша оғози хуб аст.
"Ҳоло суруди Манижаро месанҷанд ва он ягона суруди аз ҷониби Кумитаи тафтишотӣ санҷидашудаи Евровидение хоҳад буд. Агар облава шавад, Манижа метавонад, санадро нишон диҳад, ки сурудаш санҷидашуда мебошад", - шӯхӣ кард ровӣ.
Ургант пешниҳод кард, ки суруди “Russian Woman” фавран ба ниҳодҳои дигари санҷишии Русия низ фиристода шавад.

Сурудро барои санҷиш ба “Роспотребнадзор”, ба Палатаи кадастрӣ, Нозироти моҳидорӣ бояд пешниҳод кард ва инчунин бояд тавассути бойгонии БДА низ санҷид, ки ягон қонунвайронкунӣ надошта бошад, мабодо рангкардашуда бошад.

Иван Ургант
ровии шабакаи аввали телевизиони Русия
Ин шухиҳои Ургант дар ҳолеянд, ки қаблан хабар дода шуд, Кумитаи тафтишотии Русия дар Маскав ба тафтиши суруди Russian Woman шурӯъ кардаст. Тафтиши матни таронаи “Russian Woman” пас аз муроҷиати дахлдори ташкилоти ғайритиҷоратии "Ветеранские Вести" оғоз ёфт.
Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия, аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии шунавандагон дар доираи интихоби миллӣ ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 интихоб шуд.
Ин озмуни бонуфуз имсол дар Роттердам аз 18 то 22 май баргузор мешавад.
Бархе аз шаҳрвандони Русия дар портали Change.org петитсия нашр кардаанд ва талаб доранд, ки Манижа аз иштирок дар Eurovision маҳрум карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0