Сафорат тартиби роҳёбии тоҷикистониҳо ба парвозҳои самти Русияро гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевПосольство России в Душанбе
Посольство России в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар пайи хабарҳо атрофи роҳ наёфтани бархе шаҳрвандон ба ҳавопаймоҳои самти Русия, тартиби сафарро баён дошт
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Вуруди озоди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия танҳо тариқи парвозҳои мунтазаме иҷозат аст, ки ҳафтае ду бор аз ҷониби ширкатҳои “Ютейр” ва “Сомон Эйр” анҷом дода мешаванд, хабар додааст Сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, парвозҳои дигаре, ки миёни ду кишвар анҷом дода мешавад, чартерӣ буда, шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо дар сурати доштани асосҳои муқарраркардаи ҳукумати Русия ба ин парвозҳо роҳ дода мешаванд.
Сафорат таъкид намудааст, ки бар асоси созиши мақомоти ду ҷониб вуруди озоди тоҷикистониён ба Русия танҳо тариқи парвозҳои мустақим бо пешниҳоди натиҷаи санҷишҳои ПСР иҷозат мебошад. Зикр шудааст, ки санҷишҳо набояд аз се рӯз пештар то замони вуруд ба Русия анҷом дода шаванд.
Сафорат илова намуд, шаҳрвандоне, ки асосҳои зарурӣ надоранд, тариқи парвозҳои чартерӣ наметавонанд вориди Русия шаванд.
Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия аз оғози апрел аз сар гирифта шуда, аз ҷониби “Сомон Эйр” рӯзҳои сешанбе ва “Ютейр” рӯзҳои ҷумъа сурат мегиранд.
Мақомоти Тоҷикистон аз масъулини ин ду ширкат хоста буданд, ки нархи рафтуомад аз 500 доллар зиёд набошад, бахусус аз Душанбе ба самти Маскав набояд нархи чипта марзи 350 долларро убур кунад. Аммо дар асл корафтодагон мегӯянд, бо нархҳои хеле қимат аз гуфтаи мақомот чипта мехаранд.
Дар чипта ҳам возеҳ навишта шудааст, ки нарх 4 ҳазору 50 сомонӣ аст. Аммо ҳоло ба мо иттилоъ мерасад, ки як чипта то 8-10 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад.
Директор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон
Икром Субҳонзода
раиси Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон аз ширкатҳо хостанд, нархҳои муқарраршударо риоя намоянд.
Субҳонзода чиптафурӯшӣ бо нархҳои гаронро номақбул хонда, беинсофии калон номид. Ӯ илова намуд, ки ин амал хилофи сиёсати давлат дар мавриди пуштибонии молии қишрҳои осебпазири ҷомеа, бахусус муҳоҷирини меҳнатӣ аст. Раиси Ожонси ҳавонавардӣ таъкид намуд, ки ширкатҳо ва нуқтаҳои чиптафурӯшӣ бояд масъулият нишон диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала