Президент дар Суғд нахуст корхонаи бонуи тоҷир Муқаддас Қодироваро ифтитоҳ кард

© котиботи президентСафари кории Раҳмон ба Хуҷанд ва ифтитоҳи корхонаи Муқаддас Қодирова
Сафари кории Раҳмон ба Хуҷанд ва ифтитоҳи корхонаи Муқаддас Қодирова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар зимни сафари корияш ба вилояти Суғд марҳилаи якуми корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон”-ро ифтитоҳ кард.
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи президент, корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 3 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муқаддас Қодирова бунёд ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар корхона бештар аз 15 намуди халтаҳои полиэтилении ҳаҷму андозааш гуногун истеҳсол шуда, дар як моҳ наздики 12 тонна ашёи хом мавриди коркард қарор дода мешавад.
“Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон” дар як шабонарӯз ба 175 ҳазор ва дар як моҳ ба 5 миллиону 250 ҳазор дона халтаи полиэтиленӣ баробар аст”,- aфзудааст манбаъ.
Дар корхонаи мазкур ҳамзамон дар як шабонарӯз 11 ҳазор метри тӯлонӣ пардаи полиэтиленӣ барои маводи хӯрока истеҳсол карда мешавад. Ин намуди маҳсулоти полиэтиленӣ қаблан аз хориҷи мамлакат ворид мегардид, афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, дар корхонаи навбунёд 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхона гуфтааст, ки бунёду ба истифода додани чунин корхонаву коргоҳҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот боис гардида, бо ин роҳ метавон оянда иқтидори содиротии мамлакатро ҳам афзоиш бахшид.
Жезл ГИБДД  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Эълони 4 рӯзи роҳбандӣ: БДА шарҳ дод, ки ҳаракат дар кадом кӯчаҳои Суғд маҳдуд мешавад
Таҷҳизоти корхона аз Чин ворид карда шуда, халтаҳои полиэтиленӣ бо тарҳу намуди хос истеҳсол карда мешаванд, ки асосан дар бозору марказҳои савдо, мағозаҳо ва ошхонаю тарабхонаҳо ба таври васеъ истифода мегарданд.
Таъкид шудаааст, ки дар оянда бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон” истеҳсоли плёнка барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан бунёди гармхонаҳо ба роҳ монда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала