Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Раҳмон ҳамроҳ бо вазири корҳои дохила ва роҳбари КДАМ маркази таълимии ВКД-ро ифтитоҳ кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, нахуст дар саҳни ҳавлӣ ба Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони Маркази таълимӣ ва намунаи сару либоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот муаррифӣ карда шуд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки масоҳати умумии заминҳои ин мавзеъ 4,7 гектарро ташкил дода, дар масоҳати 16 садяк замин 4 гармхонаи парвариши сабзавот, лиму ва дар майдони 1 гектар боғи дарахтони зардолу, олуча, олу ва себ бунёд шудааст.
Визит президента Таджикистана в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: ифтитоҳи чаҳор иншооти муҳим
Гуфта шудааст, ки маркази таълимӣ ва заминҳои кишт дар соҳили “Баҳри тоҷик”, ҷойгир мебошад. Дар хоҷагии ёрирасон 10 нафар машғули коранд.
“Ҳосили ба дастоварда аз хоҷагии ёрирасон барои таъмини кормандони мақомот бо маводи мавриди ниёзи аввал равона карда мешавад”,- таъкид доштааст манбаъ.
Манбаъ қайд кардааст, ки ба Президенти кишвар намунаи сару либоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки бо тарҳи миллӣ ва аврупоӣ тайёр карда мешаванд, муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шудааст, ки маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз 4 ошёна, толорҳои машғулият, ҳуҷраҳои корӣ, 6 ҳуҷраи истироҳатӣ, ошхона ва дар саҳни ҳавлӣ аз майдончаи варзишӣ оид ба футбол иборат мебошад.
Рабочая поездка Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд оғоз шуд: ба Ворух ҳам меравад
Зикр шудааст, акнун баъди ифтитоҳи ин иншоот барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд баҳри такмили ихтисос ва омӯзиши донишҳои муосир шароити замонавӣ муҳайё гардид.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кард, ки содиқона бар нафъи давлату миллат хизмат намоянд ва барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала