Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: ифтитоҳи чаҳор иншооти муҳим

© Пресс-служба президента РТВизит президента Таджикистана в Согдийскую область
Визит президента Таджикистана в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Имрӯз зимни сафари корӣ раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази ташхисию табобатӣ, маркази савдо ва тарабхона ва майдони парчами давлатиро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-ро ифтитоҳ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Манбаъ қайд кардааст, ки бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иқдоми соҳибкорон Розиқов Абдухалил, Розиқов Абдуҷалил, Азимов Ҷӯрабой, Ҷӯраев Муродҷон, Азимов Олим, Иброҳимов Нозимҷон, Эгамқулов Мақсудҷон бунёд гардидааст.
Рабочая поездка Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд оғоз шуд: ба Ворух ҳам меравад
Таъкид шудааст, ки иншооти мазкур аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво, утоқҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ва шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли ояндасози давлат мебошад ва барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
“Қобили қайд аст, ки собиқ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров солҳои 1930-юм сохта шуда, бо зиёд шудани нуфӯзи аҳолӣ талабот ба мактаби нав ба миён омада буд”, - зикр кардааст манбаъ.
Сипас Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамчунин дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино”-ро ифтитоҳ намуданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки иншооти муосир аз ҷониби соҳибкорон Иномҷон Тоҷибоев, Абдусалом Раҳимов ва Равза Мирзоева бунёд гардидааст.
Гуфта мешавад, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2015 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи апрели соли 2021 бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расид.
Сафари кории Раҳмон ба Хуҷанд ва ифтитоҳи корхонаи Муқаддас Қодирова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Президент дар Суғд нахуст корхонаи бонуи тоҷир Муқаддас Қодироваро ифтитоҳ кард
Қайд шудааст, барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ, ки аз давлатҳои Туркия Ҳиндустон ва Чин дастрас гардидаанд, насбу васл гардидааст ва марказ дорои лабаратория ва 30 ҳуҷраи хоби беморон бо 60 кат барои беморон мебошад.
Дар ошёнаҳои бинои маркази мазкур 22-ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла утоқи бақайдгирӣ, гушаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраи ташхиси ултрасадо, ҳуҷраи гӯшу гулуву бинӣ, асабшинос, бемориҳои даруна, табобати дандон ва урологӣ ҷойгир мебошад.
Зикр шудааст, ки маркази ташхисиву табобатии “Тибби Сино” ҳамчунин дорои Шӯъбаи дилу рагҳо, шӯъбаи бемориҳои занона ва даруна, шӯъбаи асаб ва шӯъбаи ҷарроҳӣ буда, дар он яке аз амалиётҳои нозуку мураккаб - ҷарроҳии гирифтани чурраи байнимуҳрагӣ ба таври эндоҷарроҳӣ гузаронида мешавад.
Ҳамзамон ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур пас аз ифтитоҳи ин иншоот Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои маркази савдо ва тарабхонаи миллии “Файзулло”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Иншооти мазкур сеошёна буда, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Файзулло Абдуллоев бунёд карда шудааст.
Дар маркази савдо мағоза, тарабхона ва сехи қаннодӣ ҷойгир мебошад. Ҳамчунин барои кормандон ҳуҷраҳои корӣ бунёд карда шудааст.
“Ин соҳибкор тасмим гирифтааст, ки дар маркази савдо бештар маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ки дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад ба фурӯш бароранд. Вобаста ба ин бо дигар соҳибкорону хоҷагидорон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст”, - таъкид намудааст манбаъ.
Гуфта шудааст, ки пас аз ифтитоҳи иншооти нави хизматрасонӣ дар ошёнаи дуюми бино раисҷумҳури Тоҷикистон бо ятимони кулли вилояти Суғд вохӯрии самимӣ анҷом дода, ба онҳо сару либос, китоб ва ширинӣ тӯҳфа намуданд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад
Зикр шудааст, ки дар ин мулоқот 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Бӯстон, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров аз тӯҳфаҳои Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гаштанд.
Инчунин, пас аз анҷоми ин маърака Президенти Тоҷикистон дар маркази деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки баландии сутунпояи рамзи давлатдорӣ 50 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Иншооти мазкур бо маблағҳои Мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала