Ҳамкориҳоро қавитар хоҳем кард: Эмомалӣ Раҳмон президенти нави Ветнамро табрик кард

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фукро табрик намудааст.
Тибқи иттилои дафтариматбуотии президенти кишвар, дар номаи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон омадааст: "Ҷаноби Олӣ, Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам табрик ва муборакбодӣ менамоям".
Рабочая поездка Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд оғоз шуд: ба Ворух ҳам меравад
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон ҷонибдори густаришу таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ветнам буда, нисбат ба дурнамои онҳо назари бисёр нек дорад.

"Умедворам, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ бо саъю эҳтимоми муштарак ҳамкориҳои байни давлатҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардошта, мазмуну мундариҷаи онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Президент таъкид кардааст, ки дар ин самт мо омодаем, ки тамосҳои анъанавии сатҳи олии байни Тоҷикистон ва Ветнамро идома дода, тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифодаи самарабахш қарор диҳем.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба Нгуен Суан Фук сиҳҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари дӯсти Ветнам ва мардуми он рифоҳу шукуфоии бештар таманно кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала