Рубл боз коҳиш ёфт: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Обуна шудан
Дар бозори асъор дар Тоҷикистон пули миллӣ дар баробари рубли русӣ тайи як ҳафтаи ахир тақвият ёфта, аммо нисбат ба доллар ва евро майли коҳишёбӣ дорад
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ, ки чанд рӯзи қаблӣ аз марзи 150 боло буд, тағйир ёфтааст.
Бонки миллӣ арзиши як рублро барои имрӯз 0.1466 муқаррар кардааст.
Ҳамин тавр, имрӯз як доллар бошад 11.3200 сомонӣ арзиш дорад. Бояд гуфт, ки пули "амрикоӣ" дар Тоҷикистон аз нимаи моҳи март рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Он аз моҳи ноябри соли 2020 бетағйир буд. Коршиносон низ қаблан пешгӯӣ карда буданд, ки асъори амрикоӣ дар охири моҳи март пас аз поинравӣ дубора боло меравад.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷиро ба кишвар афзоиш диҳанд
Имрӯз як евро дар Тоҷикистон 13.3746 сомонӣ арзиш дорад. Ин асъори хориҷӣ аз аввали соли 2021 пас аз якбора боло рафтан то ба сатҳи 13.2930 поин омад, аммо тайи як ҳафтаи охир майли гаронӣ дорад.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорад
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0