Русия вуруди то 1 миллион муҳоҷирро интизор аст

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкОчереди мигрантов в УФМС
Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Обуна шудан
Аз садҳо ҳазор то 1 миллион муҳоҷири корӣ дар ояндаи наздик метавонанд аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия баргарданд
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия мегӯяд, ба зудӣ то як миллион коргари хориҷӣ метавонанд вориди кишвар шаванд, навиштааст "Российская Газета".
Ба иттилои мнабаъ, вуруди муҳоҷирон пас аз эҳёи парвозҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 1 апрел оғоз шудааст, имконпазир гардид. Парвозҳои мунтазам ҳудуди як сол бинобар пандемияи коронавирус қатъ шуда буданд.

Мо миллион нафарро интизорем. Душвори дар он аст, ки ҳоло парвозҳо каманд. Масалан, танҳо як парвоз дар як ҳафта ба Қирғизистон ва Тоҷикистон парвоз мекунад, ба Ӯзбекистон рӯзе се-чор маротиба, тайи шаш рӯз дар як ҳафта амалӣ мешаванд.

Вадим Коженов
президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия
Ба гуфтаи Коженов, дар давоми танҳо як ҳафта тақрибан панҷ то шаш ҳазор нафар ба Федератсияи Русия ворид шуда истодаанд ва ин афзоиш аллакай чашмрас шудааст. Ба ақидаи ӯ, вазъ ҳангоми кушода шудани ҳама гузаргоҳҳои сарҳадӣ беҳтар хоҳад шуд, зеро ҳоло тамоюли мусбати вазъи эпидемикии коронавирус ба назар мерасад.
Илова бар ин, дар бозори меҳнати Русия ҷараёни вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ аллакай ба назар мерасад, зеро танҳо дар ду моҳи аввали соли 2021, аз рӯи дархостҳои пешниҳодшуда, хориҷиён аз кишварҳои ИДМ нисбат ба соли гузашта зиёдтар буданд.
Мигранты в России  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Делели депорти муҳоҷирон камтар мешавад: тарҳи ҷадид дар Русия
Тавре ки маълум шуд, тавассути хадамоти махсуси таъминот бо кор, аксаран шаҳрвандони Қирғизистон ва Қазоқистон дар ҷустуҷӯи кор ҳастанд ва камтар аз ҳама - шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин хизматрасониҳо истифода мебаранд.
Хотиррасон мекунем, ки қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дода буд, ки қонунигардонии муҳоҷирати ғайриқонунӣ содда карда мешавад. Қонуни нав "тартиб ва шароити будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро, ки худро дар ҳолатҳои махсус қарор медиҳанд, муайян мекунад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандоне, ки талаботи дар соҳаи муҳоҷират муқарраргардидаи Федератсияи Русияро вайрон кардаанд, метавонанд "вазъи ҳуқуқии худро дар муддати муайян ба танзим дароранд".
Лентаи хабарҳо
0