Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Шумори ҷонбохтагони вируси корона дар Эрон афзоиш ёфт: 193 нафар дар 24 соат ахир

© AP / Ebrahim NorooziПохороны жертвы коронавируса в Тегеране
Похороны жертвы коронавируса в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Шумори ҷонбохтагони вируси корона дар Эрон дар 24 соати гузашта дар раванде афзоишӣ ба 193 тан расид
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Ба гузориши Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар 24 соати гузашта то зуҳри имрӯз 193 нафари дигар аз мубталоён ба Ковид - 19 дар ин кишвар ҷони худро аз даст доданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Гуфта шудааст, ки бар ин асос шумори қурбониёни ин беморӣ дар Эрон ба 63 ҳазору 699 нафар расид.
Ҳамчунин дар ин муддат 20 ҳазору 954 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод ду ҳазору 319 нафар бистарӣ шуданд.
Посол Ирана в РФ Казем Джалали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2021
Ҷалолӣ: тавлиди “Спутник V” дар Эрон метавонад ниёзи кишварҳои ҳамсояро низ бартараф кунад
Бо ин ҳисоб, маҷмӯи беморони вируси корона дар Эрон ба як миллиону 984 ҳазору 348 нафар расидааст, ки як миллиону 675 ҳазору 891 нафар аз онон то кунун беҳбуд ёфтаанд.
Мавҷи чаҳоруми корона чанд рӯзе аст дар пайи таътилоти иди Наврӯз ва афзоиши диду боздидҳо ва сафарҳо дар Эрон оғоз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала