Тоҷикистону Афғонистон дар бахши ҳаракати ҳавоӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд

© Sputnik / Амир ИсаевДиректор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода
Директор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи тартиби кор байни марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ санади ҳамкорӣ имзо намуданд
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Афғонистон Созишнома дар бораи тартиби кори байни марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбе — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кобул — Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба имзо расонданд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”дар истинод ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.
Иттилоъ дода шудааст, ки санади мазкурро дар Душанбе Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва Сардори Раёсати авиатсияи граждании Афғонистон Қосим Вафозода ба имзо расонданд.
Открытие Форума деловых кругов Таджикистана, Белоруссии и Афганистана: Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни тоҷирони Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон дар Душанбе
Тибқи иттилои манбаъ, созишномаи мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумот дар самти амалишавӣ ва танзим, ҳамоҳангсозӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ, таъмини тартиби низоми интиқоли назорат дар ҳаракати ҳавоӣ мусоидат менамояд.
“Ҷонибҳо таъкид карданд, ки марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ барои мубодилаи иттилоот оид ба ҳама гуна тағйирот дар вазъи амалиётӣ, ки ба ҳаракати расмиёти амалиётӣ таъсир мерасонанд, огоҳ мебошанд. Он бояд мавҷудияти таҷҳизот ва хизматҳо, иттилооти метеорологӣ, робитаҳои иртиботӣ ва маҳдудияти иқтидор барои системаҳои ATS-ро дар бар гирад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки ҳамзамон мусоҳибон омодагии худро барои идомаи ҳамкории фаъол дар соҳаҳои афзалиятнок баён намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала