Вазорати хориҷа: барномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон ба имзо расид

© МИД РТПодписание соглашения о сотрудничестве между Таджикистаном и Венгрии
Подписание соглашения о сотрудничестве между Таджикистаном и Венгрии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярторо баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти вазорати хориҷаи кишвар, дар мулоқот ҳамсуҳбатон мавзӯъҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои минтақавӣ ва таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор карданд.
Таъкид шудааст, ки пас аз анҷоми мулоқот машваратҳои сиёсӣ миёни ҳайатҳои ду кишвар бо роҳбарии вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардиданд.
Маҷористон ваксинаи Русия алайҳи коронавирусро дастрас кард
Манбаъ зикр кардааст, ки ҷонибҳо бо ибрози рағбати мутақобил ба тавсеаи муҳтавои муносибатҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон ва Венгрия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳитизистӣ, сайёҳӣ, илмӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ва варзишӣ, изҳори ният карданд, ки 30-солагии муносибатҳои дипломатиро дар соли 2022 ҷашн гиранд ва ба ин муносибат ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангӣ баргузор намоянд.
Гаспарян: суханҳои Орбан дар бораи "истилогарони мусулмон" қонунмандона ҳастанд
Дар интиҳо вазирон Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористонро барои солҳои 2022-2024 имзо карданд.
Лентаи хабарҳо
0