Бозичаҳои кӯдаконаи ширкати “Адл” ба бозори Ӯзбекистону Қирғизистон роҳ меёбанд?

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи корхонаи “Адл”-ро ба истифода дода, бо имконияти корхонаи нави саноатӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ки иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мансур Умаров бунёд гардида, ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона машғул мебошад.
Дар маҷмӯъ дар корхона 25 номгӯй маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ифтитоҳи он имконият медиҳад, ки воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон коҳиш дода шавад.
Иттилоъ дода шудааст, ки корхонаи “Адл” имконият дорад, ки дар як сол ба маблағи 12 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба фурӯш барорад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Туҳфа ба ятимону ифтитоҳи ду иншоот: идомаи сафари Раҳмон дар Истаравшан
Аз ҷумла, масъулин нақша доранд, ки истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои нисбатан калонҳаҷмро дар ҳудуди корхона ба роҳ монанд.
Таъкид шудааст, ки дар корхона маҳсулот бо истифодаи ашёи хоми навъи аъло истеҳсол гардида, ба саломатии кӯдакон безарар мебошад.
Маҳсулоти ниҳоии омодагардида дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, ҳамзамон чун маҳсулоти содиротӣ ба бозорҳои Ӯзбекистону Қирғизистон содирот мешавад.
Гуфта шуд, ки дар марҳилаи дуюм инчунин истеҳсоли асбобҳои хурди барқӣ, ки талабот ба онҳо хеле зиёд аст, роҳандозӣ карда мешавад.
Бояд зикр кард, ки соли 2020 аз ҷумҳурӣ ба маблағи 174,6 ҳазор доллар дучарха ба миқдори 142 тонна ё 10 ҳазору 139 дона содирот ва ба маблағи 639,5 ҳазор доллар ба миқдори 551,7 тонна, ё 39 ҳазору 406 дона дучарха ворид карда шудааст.
Визит президента Таджикистана в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Идомаи сафари корӣ дар Суғд: Раҳмон ба шаҳри Истаравшан рафт
Пас аз ифтитоҳи корхонаи нави саноатӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон дар базми наврӯзии сокинони деҳаи “Ҷарқӯрғон”-и деҳоти Зарҳалол иштирок намуда, бо маҳсули дастранҷи аҳли заҳмат аз наздик ошно гардиданд.
Сипас раисҷумҳури кишвар дар корхонаи “Адл” аз намоиши чорвои калони зотӣ ва шутурмурғ дидан намуданд.
Иброз гардид, ки ҷамъияти мазкур фаъолияти чорвопарвариро ба тозагӣ роҳандозӣ намуда, асосан чорвои калони зотии барои истеҳсоли гӯшт пешбинишуда нигоҳубин менамояд. Айни замон дар хоҷагӣ 50 сар чорвои калони зотӣ парвариш меёбанд.
Ҳамзамон хоҷагӣ парвариши шутурмурғро ба роҳ монда, айни замон саршумораи он дар хоҷагӣ ба 100 сар баробар аст.
Гуфта шудааст, ки марҳила ба марҳила дар ҷамъияти мазкур парвариши шутурмурғ зиёд карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала