Кӣ донотар: мардон ё занон? натиҷаҳои таҳқиқот ҳайратоваранд

CC0 / pxhere / Иллюстрация идеи на планшете
Иллюстрация идеи на планшете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Олимон боз ба омӯхтани мағзи сари инсон бозгашта, кӯшиш карданд, ки фарқияти миёни ақли марду занро пайдо кунанд
Кайҳо боз муайян шуда, ки мағзи сари занҳо аз ҷиҳати андоза аз мағзи сари мардон хурдтар аст, аммо натиҷаҳо дақиқ нашуда, ки оё ин ба қобилияти ақлии ҷинсҳои гуногун таъсир мерасонад ё не.
Влюбленная пара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Коронавирус метавонад боиси безурётии мардон гардад
Тадқиқотчиёни Донишгоҳи Розалинди Франклин дар ин мавзӯъ дар Neuroscience and Biobehavioral Reviews гузориш нашр карданд.
"Фарқи байни мағзи зан ва мард чист? Ҷинс ба таври васеъ дар невробиологияи инсон тағирёбандаҳои муҳим ҳисобида мешаванд. Андозаи мағзи сари мардон назар ба майнаи занҳо бузургтар аст ва дар синни балоғат фарқи байни андозаи мағзи сари мард ва зан ба 11% мерасад ", - гуфта шудааст дар таҳқиқот.
Олимон дар тӯли се даҳсола маълумотҳои МРТ ва таҳқиқоти патологии инсонро таҳлил карданд.
Рождественская продовольственная ярмарка во Владивостоке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Олимон нӯшокиеро муайян карданд, ки фишори хунро паст мекунад
Тафовути андоза, асосан, натиҷаҳои дигари такроршавандаро асоснок мекунад: таносуби миқдори зиёди моддаҳои сафед / хокистарӣ, пайвастшавии дохилӣ ва сохторҳои минтақавии кортикал ва субкортикӣ дар мардон.
Ақли мардону занон на ба ҷинсу омилҳои иҷтимоӣ, балки омилҳои модарзодӣ алоқаманданд.
Инчунин, олимон муайян карданд, ки ҳангоми омӯзиши маълумот аз минтақаҳои гуногуни ҷуғрофӣ байни майнаҳои марду зан фарқияти ҷиддие нест, ки ба ҳама миллатҳо ва гурӯҳҳои этникӣ хос аст.
Олимон ба хулосае омаданд, ки ҳеҷ кадоме аз параметрҳо фарқияти кофии назаррас нишон надодааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала