Ҳавошиносон: дар Тоҷикистон гармӣ то ба 27 дараҷа мерасад

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди идут по улице в защитных масках
Люди идут по улице в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Обуна шудан
Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар ҷумҳурӣ ҳаво камабру тағйирёбардаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Муъминобод - диёри сайёҳӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2021
Муъминобод - диёри сайёҳӣ: навор
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 7+9 дараҷа гарм ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0