Оҷонсии зидди фасод барои 13 мансаби холӣ коргар меҷӯяд: маош аз 670 то 1300 сомонӣ

© Sputnik Агентство по финансовому контролю и борьбе с коррупцией в Таджикистане
Агентство по финансовому контролю и борьбе с коррупцией в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Ин ниҳод гуфтааст, афроде, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд барои ширкат дар озмун қабул карда намешаванд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон барои ишғоли 13 ҷои холӣ дар дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавӣ дар Душанбе, Суғд, Хатлон, ВМКБ озмун эълон кардааст.
Тибқи эълони Оҷонсӣ, дар дастгоҳи марказӣ барои ишғоли вазифаи ёрдамчии Директор оид ба супоришҳои махсус, 1 нозири калони Бахши коргузории махфӣ интизори довталабонанд.
Ҳамзамон Оҷонсӣ гуфтааст, ба ду мутахассиси пешбар дар Сарраёсати назорати давлатии молиявӣ, 1 ваколатдори оперативӣ барои Сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ Агентӣ, 1 нозири калони Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионӣ ва 1 нозири калони Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ ниёз дорад
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2021
Қабули қонунҳо: хизмати ҳарбӣ барои кор дар гумрук, суд, додситонӣ ҳатмӣ шуд
Оҷонсии зидди фасод довталабонро барои ишғоли 2 вазифаи холӣ дар Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ ва Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд даъват кардааст.
Барои довталабон дар Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе Оҷонсӣ 2 ҷой - мутахассиси Шуъбаи назорати давлатии молиявӣ ва мутахассиси Шуъбаи назорати буҷетҳои маҳаллӣ пешниҳод кардааст.
Инчунин довталабон метавонанд барои расидан ба як вазифаи холӣ дар Шуъбаи назорати буҷетҳои маҳаллии Раёсати Агентӣ дар Хатлон ва яки дигар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ талош намоянд.
Оҷонсӣ маоши вазифавиро аз 760 сомонӣ то 1344,20 сомонӣ арзёбӣ карда, таъкид намудааст, ки доштани маълумоти олии ҳуқуқшиносию иқтисод ва таҷрибаи корӣ ҳатмист.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2020
Боздошти полковники Оҷонсии зидди фасод аз сӯи КДАМ барои гирифтани пора
Ин ниҳод гуфтааст, мувофиқи талаботи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба хизмат дар мақомоти Агентӣ шахсе қабул карда мешавад, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад, қабул карда мешаванд.
Эълони вазифаҳои холиро Оҷонсӣ имрӯз нашр карда, гуфтааст, ҳуҷҷатҳо дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала