Президент дар нақши муаллим: дар даст журнал ва маслиҳатҳо аз ҳаёти худ - видео

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи мактаби рақами 23-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба синфе ворид шуд, дафтари синфиро гирифта, варақгардон карду бо хонандагон сӯҳбат намуд ва маслиҳатҳо дод
Президент курсии муаллимро дар ихтиёр гирифтаву баҳои хонадагонро аз назар гузаронид. Сипас аз онҳо пурсид, ки дар оянда кадом касбро соҳиб шудан мехоҳанд.
Нафаре аз онҳо гуфт, ки муаллими забон ва адабиёти тоҷик шудан мехоҳад. Сӯҳбати президенту хонанда сари озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" ва китобхонӣ оғоз ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки хонандагон реҷаи рӯз тартиб дода, аз рӯи он вақти худро сарф кунанд.
"Шумо календари рӯзиатонро тартиб диҳед, ки дар як рӯз чӣ кор мекунед. Вақти холигиро низ ҳатман ҷудо кунед. Ҳамин тавр, шумо дар як моҳ ду асар хонда метавонед", - таъкид кард раисҷумҳур.
Вай афзуд, китозмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз таҷрибаи худаш истифода кардааст.
"Ман имтиёзҳоро худам шахсан омӯхтам, аз таҷрибаи ҳаётии худам, ки ман ҳам мактабхон будам, истифода кардам, ва роҳҳои шуморо кушодам", - таъкид мекунад раисҷумҳур.
Ёдрас мешавем, 7 апрел президенти Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактаби рақами 23-ро ба баҳрабардорӣ расонд.
Бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иқдоми соҳибкорон Розиқов Абдухалил, Розиқов Абдуҷалил, Азимов Ҷӯрабой, Ҷӯраев Муродҷон, Азимов Олим, Иброҳимов Нозимҷон, Эгамқулов Мақсудҷон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.
Иншооти мазкур аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво, утоқҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ва шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли ояндасози давлат иборат мебошад ва барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала