Дар Русия муносибат ба муҳоҷирон бадтар шудааст: чӣ гуна бояд ислоҳ кард

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксТрудовые мигранты идут по Патриаршему мосту в Москве
Трудовые мигранты идут по Патриаршему мосту в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Дар сатҳи олӣ бегонаситезии афзояндаи русҳоро нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ қайд карданд
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Дар семинар-машварати солонаи ноҳиявӣ дар Новосибирск муовини роҳбари Дастгоҳи президенти Русия Муҳаммадсалом Муҳаммадов ба мавзӯи дардноки муносибати русҳо ба муҳоҷирон дахл кард.
"Дар соли 2020 тақрибан ҳар чорумин посухдиҳанда муносибати манфӣ нисбати муҳоҷиронро изҳор дошт. Дар айни замон, тамоюли манфӣ ба назар мерасад", - гуфт намояндаи Кремл.
Начальник Главного управления по вопросам миграции МВД России генерал-майор полиции Валентина Казакова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Русия гуфт, низоми муҳоҷиратро соддаю осон мекунад
Вай афзуд, ки вазъи қабули хориҷиён дар Русия танҳо бадтар мешавад: шумораи одамоне, ки бо муҳоҷирон бад муносибат мекунанд, 7,5% афзудааст.
Намояндаи маъмурияти президент шарҳ дод, ки афзоиши муносибати манфӣ нисбати меҳмонон метавонад боиси бад шудани муносибатҳои байналмилалӣ гардад.
Илова бар ин, Муҳаммадов қайд кард, ки ташаккули анклавҳои этникӣ, пеш аз ҳама аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо, на танҳо ба ҷинояткории ҷомеа мусоидат мекунад, балки барои зуҳуроти миллатгароӣ, бегонаситезӣ ва низоъбарангезанда бо аҳолии маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
 Президент РФ Владимир Путин во время встречи на Соборной площади с детьми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Путин: кӯдакони муҳоҷиронро бояд ҳанӯз дар мактаб ба муҳит мутобиқ кард
Муовини роҳбари Дастгоҳи президенти Русия қайд кард, ки барои ҳалли он бояд кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷоннок шавад, инчунин чораҳои системавӣ оид ба мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия роҳандозӣ шаванд.
Илова бар ин, Муҳаммадсалом Муҳаммадов қайд кард, ки системаи маорифи Русия барои ворид шудани кӯдакони муҳоҷир омода нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала