"Саҳархӯрӣ намекунаму рӯза мегирам - дуруст аст?"

© Sputnik / Ilkham Mustafa / Гузаштан ба хазинаи аксВерующие перед вечерним разговением в день праздника Ураза-байрам в Баку
Верующие перед вечерним разговением в день праздника Ураза-байрам в Баку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
То кадом андоза дар моҳи Рамазон саҳархӯрӣ накардану рӯза гирифтан дуруст аст? Ба ин суол уламои Тоҷикистон посух гуфтанд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон оғози моҳи Рамазонро муайян кард.
Санаи оғози моҳи шарифи Рамазон дар пайи хулосаҳои олимони Институти астрофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва масъулини Шӯрои уламо тасдиқ карда шуд.
Ҳамин тавр, мусалмонон дар кишвар аз 13 апрел рӯзадориро оғоз хоҳанд кард.
Дар пайи ин хабар, корбарони сомонаи Маркази исломӣ дар бораи чанд ҳолатҳое пурсон шудаанд, ҳангоми рӯзадорӣ пеш меоянд.

Ҳамин тавр, Далер ном корбари марказ мепурсад, ки "ман дар моҳи Рамазон саҳархўрӣ намекунам ва ҳангоми намози бомдод бархоста ният мекунам. Оё тарки саҳархўрӣ дуруст аст?"

Уламои тоҷик гуфтаанд, ки тарки саҳархӯрӣ макрӯҳ (кароҳатовар) аст. Дар ҳамин ҳол, онҳо таъкид кардаанд, ки саҳархӯрӣ суннат асту дақиқ накардаанд, ки тарки он гуноҳ аст ё не.
"Бародари азиз, саҳархўрӣ кардан суннат аст ва аҷру савоб ва баракат дорад, тарк кардани он макрўҳ аст", - гуфтаанд аз Маркази исломӣ.
Открытие мечетей в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Эълони санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон
Масъалаи дигаре, ки сокинон пурсидаанд, ин истифодаи сӯзандору ва чак-чак ҳангоми рӯза аст, ки оё дуруст аст ё на.
Дар ин суол ҷавоби уламои тоҷик қатъӣ аст - дуруст нест ва рӯзаро мешиканад.
" Ҳар чизе, ки ба бадан ворид мешавад, рўзаро мешиканад, бинобар ин, беҳтар аст, ки ин амал шабона анҷом дода шавад", - посух додаанд онҳо.
Аммо гуфтаанд, ки нафарони бемор метавонанд рӯза нагиранд..
"Агар шахс бемор бошад, дар ин сурат хўрдани рўза ва истиъмоли дору барои ў ҷоиз мешавад. Пас аз моҳи Рамазон қазои онро ҳатман ба ҷо меорад", - тавзеҳ додаанд уламо.
Як корбари дигар ба ҳамин монанд савол пешниҳод кардааст, ки оё ҳангоми рӯзадорӣ табобати дандон дуруст аст.
"Одами рўзадор метавонад, ки дандонашро пломба кунад?", - мепурсад Саидинъом.
"Мутобиқи масоили фиқҳии муосир дар ҳолати рўза пломба кардани дандон дуруст аст", - посух додаанд ба вай.
Дар байни мардум асотире ҳаст, ки пошидани атр ва бӯй кардани гул ба шахси рӯзадор дуруст нест. Ба ин суол низ уламои тоҷик посух гуфтанд - истифодаи атр халале ба рӯза ворид намекунад.
Дар ҳамин ҳол, олимони Тоҷикистон таъкид карданд, ки бархе кирдорҳо низ мусалмонро аз савоби рӯза маҳрум мекунанд.
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Шӯрои уламо пули фидяи савм, нисоби закот ва фитри рӯза дар Тоҷикистонро гуфт
"Падаре, ки дар моҳи шарифи Рамазон бо оилаи худ ва фарзандонаш ҷанҷол карда, дашномҳои қабеҳ диҳад ва лату кўб кунад, дар ин ҳолат аҳли оила чӣ кор бояд кунанд? Оё рўзаи ин хел падар дуруст аст?", - мепурсад Муҳаммадёқуб.
"Падар барои ин гуна рафтораш сахт гунаҳгор аст, агар ин амалҳои зиштро дар моҳи муборак анҷом дода бошад, аз савоби рўза маҳрум шудааст. Ин моҳ моҳи иҷобати дуо аст, дар вақти кушодани рўза барои ислоҳи ахлоқи падар холисона дуо бояд кард, иншоаллоҳ фазои хонавода неку хоҳад шуд", - посух додаанд шӯрои уламои Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала