Эълони санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон

© SputnikОткрытие мечетей в Худжанде
Открытие мечетей в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазонро эълон кард.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, расман: 13-уми апрел - оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аст.
Ба иттилои манбаъ, санаи оғози моҳи шарифи Рамазон дар пайи хулосаҳои олимони Институти астрофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва масъулини Шӯрои уламо тасдиқ карда шуд.
Паломники гуляют вокруг Каббы в Большой мечети в городе Мекка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Арабистони Саудӣ сафари ҳаҷро барои эмшудаҳо аз COVID-19 иҷозат дод
Моҳи Рамазон дар дини мубини Ислом аз муқаддастарин моҳ ба шумор меравад. Дар ин моҳ мусалмонон давоми 30 рӯз рӯза мегиранд.
Мусалмонон дар давоми рӯз аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар аъмоли нописанд худдорӣ мекунанд.
Дар Рамазон мусалмонон мекӯшанд, ки бадиҳои худро бартараф кунанд ва бо андешаҳои пок зиндагӣ намоянд.
Даъвати СҶБ аз рӯзадорон: дар моҳи Рамазон 7 қоидаро риоя кунед
Тибқи қавонин, духтарон аз 9-солагӣ ва писарон аз 12-солагӣ метавонанд рӯза гиранд. Занони ҳомила ва ширдеҳ, инчунин беморон аз гирифтани рӯза соқит ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0