Шералӣ Мирзо: бо бахше аз тавонмандиҳои низомии Эрон аз наздик ошно шудем

© Фото : Фотохост ШОС / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото
Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Вазири дифоъи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар сафари серӯза ба Теҳрон бо бахше аз тавонмандиҳои низомии Эрон аз наздик ошно шудааст
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии муштарак аз вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои даъват ва анҷоми ин сафар ба Эрон ва меҳмоннавозиашон ташаккур кард

“Сафари расмии ман ва ҳайати ҳамроҳам аз Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба Эрон дар рӯзҳое аст, ки миллатҳои ду кишвар Наврӯзро ҷашн гирифтаанд, ба ҳамин далел бо истифода аз ин фурсат мехоҳам иди Наврӯзро ба миллати Эрон табрик бигӯям”

Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шералӣ Мирзо
Вазири дифои Тоҷикистон
Вазири дифои Тоҷикистон дар идома бо ишора ба раванди музокироти анҷомшуда дар се рӯзи сафараш ба Теҳрон, изҳор дошт, ки дар ин се рӯз дидору музокироти хубе бо вазири дифои Эрон дошт ва аз наздик бо бахше аз дастовардҳо ва тавонмандиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ошно шудааст.
Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Тавофуқ барои ташкили гурӯҳи кории муштараки дифоӣ ва низомии Эрону Тоҷикистон
Вай баҳсу гуфтугу дар бораи амнияти минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва ҳамчунин таҳдидҳои муштаракро аз ҷумлаи меҳварҳои гуфтугу бо вазири дифои Эрон эълом кард ва гуфт, ки Тоҷикистон афзоиши амният ва мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаро дар гарави густариши ҳамкории минтақаӣ медонем, ҳамчунин муътақидем ҳамкорӣ миёни ду кишвар метавонад ба амнияти ду кишвар кумак кунад.
Генерал Шералӣ Мирзо ҳамчунин гуфт, ки аз ҳамтои эронии худ барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала