Тоҷикистон дар радабандии нави ФИФА як зина мавқеяшро аз даст дод

© AP / Steffen SchmidtЛоготип ФИФА, архивное фото.
Логотип ФИФА, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Обуна шудан
Созмони ҷаҳонии футбол (FIFA) рейтинги нави дастаҳои аъзояшро нашр кард, ки дар он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеашро як зина аз даст додааст
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бар пояи ин радабандӣ, ки дар сомонаи ташкилот нашр шуд, Тоҷикистон миёни 210 кишвари ҷаҳон дар мақоми 121 нишастааст. Моҳи гузашта мунтахаби кишвар дар ҷойи 122 буд.
Тибқи нишондоди ФИФА яккачини Тоҷикистон бо 1151,1 имтиёз дар ин мақом ҷой гирифтааст.
Дар рейтинг чун моҳи пеш дастаи мунтахаби Белжик бо 1783,38 имтиёз пешсаф аст.
Зинаи дуюмро Фаронса (1757,3 ) ва сеюмро Бразилия ( 1742,65) аз худ кардаанд. Дастаи мунтахаби Англия дар зинаи чорум аст. Ба даҳгонаи тимҳо Португалия, Испания, Аргентина, Италия, Уругвай, Дания ворид шуданд.
Аз Душанбе ба Мадрид: футболбози ҷавони тоҷик ба дастаи испанӣ гузашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Аз Душанбе ба Мадрид: футболбози ҷавони тоҷик ба дастаи испанӣ гузашт
Аз дастаҳои осиёӣ Ҷопон пешсаф аст, ки бо 509,34 имтиёз дар зинаи 28-ум ҷой гирифтааст. Аз дастаҳои собиқ Шӯравӣ Украина имтиёзи бештар дорад (1515,85) ва дар ҷойи 24-ум аст.
Дастаи мунтахаби Русия бошад бо 1462,65 имтиёз дар зинаи 38 нишастааст.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ болотар аз ҳама Ӯзбекистон буда дар ҷойи 86-ум ва пас аз он Қирғизистон дар зинаи 98 ҷой гирифтаанд. Қазоқистон бошад, поинтар аз Тоҷикистон дар ҷойи 124 ва Туркманистон дар маҷоми 130 нишастааст.
Ёдовар мешавем, нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги дастаҳои ҷаҳонӣ дар моҳи июли соли 2013 буд, ки ябора 40 зина боло рафта дар ҷойи 106-ум қарор гирифта буд.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0