Бетартибиҳо пас аз бозии "Навбаҳор" - "Пахтакор": парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузаштан ба хазинаи аксФутбол. Отборочный матч ЧЕ-2020
Футбол. Отборочный матч ЧЕ-2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Мухлисони намангонӣ, ки аз бохти дастаи худ норозӣ буданд, ба сӯи доварон ва футболбозони тими ғолиб шишаҳои пластикӣ ҳаво доданд
ДУШАНБЕ, 9 апрел - Sputnik. Дар Намангон пас аз бозии байни "Навбаҳор" ва "Пахтакор", ки бо бетартибиҳо анҷом ёфт, парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилоят.
Бозии даври панҷуми Суперлигаи Ӯзбекистон оид ба футбол шоми панҷшанбе дар варзишгоҳи Марказии Намангон баргузор шуд.
Дар он тақрибан 16 ҳазор тамошобин иштирок карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 1: 2 ба фоидаи "Пахтакор" хотима ёфт.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Чиптафурӯшӣ сар шуд: футболи тоҷик минбаъд бо ҳузури тамошобинон доир мешавад
Натиҷаи бозиро голи дар дақиқаи 89-ум аз пеналтӣ задашуда ҳал кард. Довар пас аз тамошои лаҳзаи бозӣ зарбаи ҷаримавӣ таъин кард. Мухлисони Намангон, ки аз бохти дастаи худ норозӣ буданд, ба сӯи доварон ва бозигарони клуби ғолиб шишаҳои пластикӣ партофтанд.
Чӣ тавре ки дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Намангон гуфтанд, аз рӯи далели ҳодиса, тибқи бандҳои "в" ва "г" -и қисми 3 моддаи 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ("Авбошӣ ҳангоми чорабиниҳои оммавӣ ва муқовимат бо команди мақомот, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ вазифадор аст").
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2019
Ҷазои футболбозони тоҷик барои муштзании гуруҳӣ ва дашноми мухлисон
Шаш нафар иштирокчиёни бетартибиҳо тибқи моддаи 183 Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ("Майдаавбошӣ"), дигаре - бар асоси моддаҳои 183 ва 194 ("Риоя накардани талаботи корманди мақомоти корҳои дохилӣ") -и Ӯзбекистон мутаҳҳам карда шуданд.
Манбаъ афзуда, ки гурӯҳи корӣ ҳолатҳои дигари ин ҳодисаро меомӯзад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала