Бонки миллӣ фаъолияти ТҚХ “Мадина ва Ҳамкорон” ва ҶСП “Бонки Осиё” - ро қатъ кард

© Sputnik / Амир ИсаевНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Дар ин бора қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло рӯзи гузашта ба тасвиб расидааст
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхурии ташкилоти қарзии хурди “Мадина ва Ҳамкорон” ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Бонки Осиё”хабар дод.
Бино бар иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи ҶСП “Бонки Осиё” бозхонд карда шуд.
Ҳамзамон ин ниҳод, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2021, таҳти №51 иҷозатномаи ҶДММ ТҚХ “Мадина ва Ҳамкорон”- ро низ, бозхонд кардааст.
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Бонки миллӣ иҷозатномаи "Вестерн Юнион ДП Восток" ва "Амонатбонк"-ро тамдид кард
Ба иттилои манбаъ, қарори барҳамдиҳии ҳарду корхонаро рӯзи 8 - уми апрел Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло имзо кардааст.
Бонки милли сабаби аз фаъолият бозмондан ва бозхонди иыозатномаи ин ду корхонаи молиро шарщ надодааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала