Боздошти кассиру миёнарав дар Душанбе барои гарон фурӯхтани чипта

© РВКД ДушанбеБоздошти кассиру миёнарав барои гарон фурухтани билет
Боздошти кассиру миёнарав барои гарон фурухтани билет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Чиптафурӯш ва миёнарав дар Душанбе барои ба таври сунъӣ боло бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймо боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Душанбе дар бораи боздошти ду нафар, аз ҷумла як корманди кассаи ҳавопаймоӣ бо гумони қаллобӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон ба таври сунъӣ нархи чиптаҳои ҳавопайморо баланд карданд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии ВКД пойтахт, аз ҷумла, кормандони милиса як сокини 56-солаи қаблан маҳкумшудаи шаҳри Ваҳдат Шарифов Нуриддин Саидовичро боздошт карданд.

Шарифов Нуриддин бо корманди кассаи чиптафурӯшии "Зур-Тур" хонум Қ.С, маслиҳати пешакӣ намуда, ба муштариён чиптаҳои ҳавопайморо аз нархи муқарраргашта гарон ба фурӯш гузоштаанд, афзудааст РВКД.

Гуфта мешавад, ки ин амалҳои ғайриқонунии гумонбарон, яъне ба таври сунъӣ боло бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймо боиси хашми шаҳрвандон шуданд.
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Ҷаласаи фаврӣ: Агентӣ ба "Сомон Эйр", "Utair" ва чиптафурӯшиҳо ҳушдор дод
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Нуриддин Шарипов тибқи талаботи моддаи 247 қисми 2 (қаллобӣ) ва нисбати Қ.С. тибқи талаботи моддаи 294 қисми 2 (фиреби истеъмолкунандагон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз када шуда, нисбати охирон бинобар дар тарбияаш вуҷуд доштани кудаки ноболиғ чораи пешгирӣ дар намуди набаромадан аз маҳали зист ва нисбати боздоштшуда Шарипов чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ татбиқ ва тафтишот ҷараён дорад.
Назари бевоситаи айбдоршавандаҳо ё ҷониби ҳимояашон дар бораи ин иттиҳомот маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала