Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух расид

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба деҳоти Ворухи шаҳри Исфара расид.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
© Sputnik Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух расид
Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух расид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух расид
Интизор меравад, ки дар ин деҳот кишвардор аввал аз иншоот боздид карда ва баъдан бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кунад.
Ҳамчунин прездиент аз Боғи интенсивӣ, Парчами миллӣ, маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дӯзандагию қаннодӣ боздид карда дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг ширкат мекунад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравад ва бо мардум суҳбат мекунад
Хабари сафари президент ба ҷамоати деҳоти Ворух дар ҳолест, ки дубора номи ин минтақа дар робита бо қазияи марзӣ бо Қирғизистон дар сархатти хабарҳову постҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти Суғд дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки сафари президент ба изҳороти ҷониби Қирғизистон иртиботе надорад ва он дар чорчӯбаи нақшаи сафару боздидҳои раисҷумҳури кишвар аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аст.
Село Ворух на границе Кыргызстана и Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Баҳс дар Ворух: собиқ раиси Суди Олӣ аз аввалин занозанӣ, ҳолати изтирорию гузаштҳо гуфт
Ӯ таъкид кард, ки Ворух таҳти таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дорад ва қарор дошт.
"Сафаре, ки президент дар соли 2019 ба Ворух анҷом дод, аллакай маънои онро дошт, ки Ворух соҳиб дорад ва ин боздид дар пасманзири изҳоротҳои ахир дар мавриди Ворух нест", - таъкид кард вай.Охирон сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аввалҳои соли 2021, моҳи феврал сурат гирифта буд.
Талоши оромии марз: раиси нави Исфара гуфт як рӯзи ҳафтаи корияшро дар Ворух мегузаронад
Президент дар ҳошияи ин сафар аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон дидан карда буд.
Лентаи хабарҳо
0