Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Фолбини машҳур: Манижа ба даҳгонаи аввали Евровидение шомил мешавад

© AFP 2021 / KIRILL KUDRYAVTSEVПевица Manizha Манижа Сангин (Хамраева)
Певица Manizha Манижа Сангин (Хамраева) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Равоншиноси маъруф дар бораи ду рақами сеҳрнок, ки ба Манижа барои пирӯзӣ дар Евровидение - 2021 кӯмак хоҳад кард, гуфт
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Яке аз роҳҳои ба даст овардани пирӯзии Манижа дар Евровидение 2021 ин сеҳр аст, мегӯяд фолбини маъруф Марям Симинтия .
Ӯ дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон гуфтааст, Манижа аллакай дар роҳи пирӯзӣ қадамҳои дуруст мегузорад.
Ба гуфтаи Симинтия, сароянда шонси хуби пирӯзӣ дорад.
Экстрасенс Манижаро бо чунин унсури қавӣ ба мисли оташ муқоиса кард.
"Вай дорои энергияи дурахшон аст. Ин ба ӯ кӯмак мекунад. Ман итминон дорам, ки вай ба даҳгонаи аввал шомил мешавад"" - гуфт Симинтия.
Ситораи барномаи "Битва экстравенсов" таъкид мекунад, ки нумерология метавонад дар пирӯзии Манижа дар Евровидение 2021 нақши ҳалкунанда дошта бошад.
Симинтия ду рақамро номбар кард, ки ба сароянда ҷоизаи асосии озмунро тақдим хоҳанд кард.
"19 - шумораи муваффақият, 21 - иҷрои хоҳиш аст" -гуфт экстрасенс.
Аммо барои кор кардани нумерология Манижа бояд як маросими хосро иҷро кунад.
Международный музыкальный фестиваль Легенды Ретро FM - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Тавсифи Буланова аз суруди Манижа барои Евровидение - 2021
Симинтия ба сароянда маслиҳат дод, ки рақамҳои 19 ва 21-ро ба скринфери смартфони худ гузорад ва ҳар вақте, ки ӯ ба экран менигарад, хоҳиши пирӯзии худро такрор кунад.
"Ин корро на дар замони оянда, балки дар вақти воқеӣ бояд иҷро кард ва гуфт: "Ман барандаи Евровидение ҳастам ".
Бо ҳамин кор анҷом намеёбад.
Барои ғолиб шудан ба Евровидение - 2021 Манижа бояд пеш аз намоиш рақамҳои сеҳрнокро дар дасташ кашад ва давра ба давра ба онҳо нигоҳ кунад.
"Ин боиси афзоиши фоизи натиҷа хоҳад шуд", - таъкид кард Симинтия.
Ёдовар мешавем, худи Симинтия дар соли 2018, дар озмуни Евровидение ширкат варзид ва дар ҷараёни интихоб дар Гурҷистон ба се финалисти беҳтарин дохил шуд.
Ба гуфтаи экстрасенс, сурудҳои ӯ нерӯи энергетикӣ доранд, дар мубориза бо эҳсосоти манфӣ ва ҳассосият кӯмак мекунанд.

Евровидение 2021

Озмуни Eurovision 2021, ки ҳунармандони кишварҳои мухталифро гирди ҳам меорад, рӯзҳои 18-22 май дар Роттердам, Ҳолланд баргузор мешавад.
Дар он сарояндагон аз 41 иёлот ширкат меварзанд.
Русияро дар Eurovision 2021 Манижа, як зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Дар озмун сароянда суруди Russian Woman ("Зани рус") -ро иҷро мекунад.
Занони рус алайҳи Манижа бархостанд
Суруди Зани рус вокуниши шадиди мардумро ба бор овард. Ба Манижа бо интиқоди шадид, аз ҷумла вакилони Думаи давлатӣ ҳамла карданд.
Онҳо изҳор доштанд, ки матни тарона арзишзҳои бараксро тарғиб мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала