ФСБ ду шаҳрванди Русияро, барои қасди ҳамлаи террористӣ дар Қрим боздошт кард

© Пресс-служба НАК / Гузариш ба медиабонкСпецоперация по ликвидации боевиков в Махачкале
Спецоперация по ликвидации боевиков в Махачкале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Обуна шудан
Дар Қрим ду шаҳрванди Русия аз ҷониби кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 9 апрел - Sputnik. ФСБ фаъолияти ду исломгароро, ки қасди ҳамлаи террористӣ дар як мактаб дар Симферополро доштанд, пешгирӣ кард.Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ниҳоди зиддахл хабар доданд.
Тибқи маълумот, ду шаҳрванди 29 ва 22-сола ба манфиати ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия - Ҳаёт Таҳрир аш-Шом (собиқ Ҷабҳат-ан-Нусра), фаъолият мекарданд.
Спецоперация ФСБ против Хизб ут-Тахрир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Амалиёти махсуси ФСБ: дар 10 минтақаи Русия террористҳо боздошт шуданд – видео
Боздоштшудаҳо нақша доштаанд, ки яке аз муассисаҳои таълимии Симферополро тарконанд. ФСБ қайд кард, ки пас аз ҳамлаи террористӣ, ин ду ҷавон мехостанд ба Украина фирор кунанд ва сипас ба Сурия раванд. Дар Сурия онҳо нақша доштанд, ки ба сафи ҷангиён шомил шаванд.
Дар робита ба таблиғи фаъолияти террористӣ, таблиғи терроризм ва сохтани ғайриқонунии бомбаҳо алайҳи ин ду гумонбаршаванда, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.
ФСБ иттилоот дар бораи муассисаи таълимие, ки нақша буд дар он ҳамла тарҳрезӣ кунанд, ифшо намекунад.
Задержание исламистов в Калужской области. Кадры ФСБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2021
ФСБ гурӯҳи террористонро дар Калуга боздошт кард -видео
Маълум аст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойҳои истиқомати ҷинояткорон кофтукоб гузаронидаанд.
Ҳангоми амалиёт маводи тарканда ва дигар ҷузъҳои бомбаҳои худсохт мусодира карда шуданд. Ғайр аз ин, нерӯҳои амниятӣ дастур ва мукотиба бо эмиссарҳои террористонро пайдо кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0