Ҳалокати сокини шаҳри Хоруғ, зери чархи “Мерседес-Бенс” дар Душанбе

© Дафтари матбуотии ВУДҲалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг
Ҳалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар медиҳад, ки яке дар шаҳри Душанбе ва дуюмӣ дар ноҳияи Вахш рух додааст
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар пайи ин садамаҳо ду пиёдагард ҷони худро аз даст додааст.
Гуфта мешавад, ки садамаи аввалӣ шаби 7-уми апрел, тахминан соати 21:20-дақиқа рух додааст.
Бино ба гузориши манбаъ, ронандаи худрави тамғаи “БМВ”, Абдуғаниев Охунҷон Ҳусейнович, сокини 20 - солаи ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён будааст.
Ӯ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Расулов Сафаралӣ Маҳмадхоновичи 43 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросонро, ки аз тарафи чап ба канори рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Садамаи маргбор: духтарчаи 10 - сола дар Восеъ зери чархи "Опел-Астра" ҷон бохт
"Дар натиҷа, пиёдагард Расулов С.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадаатс дар хабарнома.
Ҳамчунин шаби ҳамон рӯз, 7-уми апрел, тахминан соати 23:50-дақиқа, ронандаи “Мерседес-Бенс”, Гулов Абдуҷабор Ҳомидович, сокини 25 - солаи пойтахт, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯчаи Д. Халқҳо ба самти кӯчаи А. Дониши ноҳияи Шоҳмансур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар ҳамин ҳол ронанда, пиёдагард Горботенко Олег Анатолиевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Хоруғро пахш намудааст.
Здание министерства внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Шарҳи ВКД дар бораи садамаи маргбор дар даромадгоҳи нақби “Истиқлол”
"Дар натиҷа, пиёдагард Горботенко О.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадаатс дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала