Муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди “облава”: ин шармандагист

© акс аз сомонаи РВУД ДушанбеРВУД Душанбе мегӯяд, ҳолати сабтшуда дар навор на "облава", балки боздошти муттаҳамон дар майдаавбошӣ буд
РВУД Душанбе мегӯяд, ҳолати сабтшуда дар навор на облава, балки боздошти муттаҳамон дар майдаавбошӣ буд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо як мактуб аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ, роҳбари палатаи болоии парлумони кишвар хостаанд, ба зуҳуроти ғайриқонунию шармандаовари сарбозшикор ва ё худ “облава” хотима диҳанд
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Дар пайи нашри хабару наворҳо, дар мавриди он, ки афроди номаълум аз кӯчаю хиёбонҳо ҷавонҳоро зӯран бори мошинҳо ё худ ба истилоҳ “облава” мекунанд, гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, унвонии роҳбарияти ҷумҳурӣ мактуби кушод навиштаанд.
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор, фаъоли ҷамъиятӣ ва маъмури гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор”, матни мактуби кушодро таҳия карда, тайи соати аввал онро даҳҳо шаҳрванд имзо намудаанд.
“Сухан аз “облава” меравад, ки солҳо боз дар атрофаш ҳар сол ду бор – вақти даъвати ҷавонон ба артиши миллӣ баҳсҳо сурат мегиранд. Дуруст аст, ки дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуме ба ин маъно вуҷуд надорад. Аммо ҳолатеро, ки ҳоло ҳаст ва мутаассифона авҷ мегирад, ҳуқуқшиносон ба банди вобаста ба “одамрабоӣ” –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баробар медонанд”, - таъкид шудааст дар мактуб.
Киҳо аз хизмат озод шуданд ва чаро мӯҳлати хизмат кам нашуд - шарҳи Шералӣ Мирзо
Раҷаби Мирзо изҳор доштаст, ки ҳеҷ кас мухолифи ба хизмати аскарӣ даъват намудани ҷавонон нест. Вале бо ин шевае, ки ҳоло ҷавононро “ҷалб” мекунанд, на танҳо қонунмандӣ зери суол мераваду ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро помол мекунанд, балки давлат беобрӯ мегардад, ноумедӣ авҷ мегирад, психологияи мардум вайрон мешавад, имиҷи давлату артиши он коҳиш меёбад.
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Даъвати ҷавонон ба артиш барои солҳои 2021-2022
Собиқ низомӣ: барои "облава" раисони шаҳру ноҳияҳо ҷавобгаранд
Дар макттуб омадааст, ки сар аз соли 2017 маъракаи бадномкунандаи “облава” дубора авҷ гирифт ва дар ҳар мавсими даъвати ҷавонон 10 – 12 сабти навори боздошту ғайриқонунӣ ба аскарӣ фиристодани ҷавононро ба мақомоти дахлдор мефиристанд. Аммо аз ҷониби ин ниҳодҳо вокунише сурат намегирад.
Махсусан имсол, ки аз маъракаи даъвати ҷавонон ҳамагӣ 10 рӯз мегузарад, шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет аллакай аз навору аксҳое пур шудаанд, ки бо усули ваҳшатнок ҷавононро боздошт ва ба хизмат мебаранд. Бахши идеологии ҳукумат бояд дарк кунад, ки мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва ҳеҷ кореро, хоса иқдомоти ғайриқонуниро пинҳон кардан имконпазир нест. Баръакс ин ҳолатҳо боис ба рехтани обрӯ ва коҳиш ёфтани имиҷи давлат мегардад, таъкид кардааст муааллиф.
Дар мактуб пешниҳод шудааст, ки аз ҳисоби мақомоти ҳукумат, масъулини Вазорати мудофиа, прокуратура, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон комиссияи хос таъсис дода шавад ва роҳҳои бартараф намудани мушкили мазкур пайдо гардад.

Мо мутмаинем, ки роҳҳои қонуниву мантиқиву касбии даъвати ҷавонон вуҷуд дорад ва омодаем дар ин кор саҳм гузорем. Аммо ҳоло аз Шумо хоҳиш дорем, ки бо як дастури худ ба мақомот ҳушдор диҳед, то пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад, - дархост шудааст аз роҳбарияти Тоҷикистон.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, ин мактуб, ки тайи як соати аввал онро даҳҳо нафар имзо кардаанд, бо имзои умумӣ ба сомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ирсол хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала