Панҷ медали варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди варзиши бразилӣ

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЗанятия в детско-юношеской спортивной школе единоборств
Занятия в детско-юношеской спортивной школе единоборств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Обуна шудан
Федератсияи милии ҷиу – ҷитсуи Тоҷикистон аз медалгирии 5 варзишгари тоҷик дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб хабар дод
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб чемпионати ҷаҳон байни академия ва клубҳои варзишии риштаи ҷиу-ҷитсу баргузор гардид.
Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон низ барои иштирок дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беҳтарин дастпарварони клубҳои варзишии худро сафарбар намуда буд, хабар дод телевизиони “Варзиш”.
Ба иттилоим манбаъ, Тоҷикистонро дар ин сабқати сатҳи ҷаҳонӣ 7 варзишгар намоядангӣ карданд, ки 5 нафарашон ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст ёфтанд.

Аз ҷумла Маҳмадализода Билол зинаи аввал ва барандаи нишони тилло гардид. Ҳамчунин Раҳмихудоев Хушвахт зинаи дуюм ва Боймуродов Комил, Суфиев Қосимҷон, Сулаймонов Фараҳзод ба гирифтани мақоми сеюми ифтихорӣ ва нишонҳои биринҷии мусобиқа сарфароз гардиданд, - омадааст дар иттилоия.

Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Федератсияи ҷиу-ҷитсуи АМА ташкил карда шудааст, ки дар он танҳо дастпарварони академия ва клубҳои варзишии ҷаҳон ширкат карда метавонанд.
Таъкид шудааст, ки мусобиқа бо мақсади тарғиби ин намуди варзиши бразилӣ ва омода гаштани беҳтарин варзишгарони ҷаҳон ба мусобиқаҳои байналмилалии дарпешистода роҳандозӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0