Парчами 50-метрӣ дар Ворух баланд шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаОткрытие Площади Государственного флага в селе Ворух г. Исфара
Открытие Площади Государственного флага в селе Ворух г. Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара парчами 50-метрии Тоҷикистон қомат афрохт.
Маросими ифтитоҳи майдони Парчами миллӣ дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.

Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ бунёд гардида баландии он дар маҷмӯъ бо таҳкурсиаш 50 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Дар майдони Парчами давлатӣ ду фаввора низ бунёд гардидааст.
Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара қарор дорад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух расид
Эмомалӣ Раҳмон то ин дам дар деҳоти Ворух Маркази фарҳангӣ-фароғатӣва варзишии "Ширин" ба истифода дода, ҳамчунин аз дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух ба бунёди боғи интенсивӣ бо шинонидани ниҳолҳои себ оғоз бахшид.
Интизор меравад, ки прездиент ҳамчунин аз коргоҳи дӯзандагию қаннодӣ боздид карда дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг ширкат кунад ва бо сокинони маҳаллӣ суҳбат менамояд.
Хабари сафари президент ба ҷамоати деҳоти Ворух дар ҳолест, ки дубора номи ин минтақа дар робита бо қазияи марзӣ бо Қирғизистон дар сархати хабарҳову постҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравад ва бо мардум суҳбат мекунад
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти Суғд дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки сафари президент ба изҳороти ҷониби Қирғизистон иртиботе надорад ва он дар чорчӯбаи нақшаи сафару боздидҳои раисҷумҳури кишвар аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аст.
Баҳс дар Ворух: собиқ раиси Суди Олӣ аз аввалин занозанӣ, ҳолати изтирорию гузаштҳо гуфт
Ӯ таъкид кард, ки Ворух таҳти таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дорад ва қарор дошт.
"Сафаре, ки президент дар соли 2019 ба Ворух анҷом дод, аллакай маънои онро дошт, ки Ворух соҳиб дорад ва ин боздид дар пасманзири изҳоротҳои ахир дар мавриди Ворух нест", - таъкид кард вай.Охирон сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аввалҳои соли 2021, моҳи феврал сурат гирифта буд.
Талоши оромии марз: раиси нави Исфара гуфт як рӯзи ҳафтаи корияшро дар Ворух мегузаронад
Президент дар ҳошияи ин сафар аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон дидан карда буд.
Лентаи хабарҳо
0